Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки касри тавозуни савдои Тоҷикистон дар натиҷаи афзоиши воридот ва коҳиши содирот кам шуд, чунки ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки қимати бештари тиллоро дар дохили кишвар нигоҳ дорад.
Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ин касрро ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши назарраси вуруди асъори хориҷӣ тавассути интиқоли маблағ, сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, қарзу грантҳои аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ пешниҳодшуда ҷуброн кард.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи каме бештар аз 500 ҳазор доллар фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо содир шудааст, ки 350 баробар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Он замон фулузоти қиматбаҳо ба маблағи 175 млн дорллар фурӯхта шуда буд.
Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, аз вуруди зиёди асъори хориҷӣ захираҳои байнумилалӣ (захираҳои тиллову асъор)-и кишвар афзоиш ёфт.
Гуфта мешавад, соли 2022 чунин захираҳои кишвар ба андозаи 37% - “тақрибан то 3,8 млрд доллар” зиёд шуд.
Захираҳои тиллову асъори кишвар дар сатҳи 9 моҳи рӯйпӯш кардани воридоти ҷумҳурӣ арзёбӣ мешаванд.
Қаблан раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 86%-и захираҳои байнулмилалиро қисмати асъор, 12%-ашро - тилло ва 2%-ашро - сандуқи сармоягузорӣ ташкил медиҳанд.
Как ветераны войны встречали 9 мая в Душанбе в разные годы
Как фронтовик Мухитдин Салохов сыграл сам себя в фильме «В талом снеге звон ручья»
Мудрец по содержанию и форме. Памяти ученого-философа Хаёлбека Додихудоева
За какие заслуги участников ВОВ из Таджикистана удостоили звания Героев Советского Союза
С Днем Победы, Таджикистан!
Хранители боевой славы. Монументы, посвященные памяти павших воинов Таджикистана в годы ВОВ
На Таджикистан надвигается стихия. Как вести себя во время селей?
Состояние раненого таджикского учителя после столкновения на границе с Кыргызстаном стабильное
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста