Ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон масоили рақамикунонии хидматрасониҳои давлатиро баррасӣ намуданд.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, масъала дар вохӯрии роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон бо ҳайати Қазоқистон таҳти сарварии вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонӣ Багдат Мусин баррасӣ шуд.

Мусин изҳор дошт, ки Қазоқистон имрӯз дар миқёси ҷаҳон аз ҷиҳати хизматрасониҳое, ки тариқи онлайн анҷом дода мешаванд, ҷои 8-ум, аз рӯйи татбиқи ҳукумати электронӣ мавқеи 10-ум ва аз лиҳози амнияти иттилоотӣ ҷойи 30-юмро ишғол менамояд, ки ин аз сатҳи баланди тараққиёти технологияи рақамии ин кишвар гувоҳӣ медиҳад.

“Маҳз ба туфайли дар амал татбиқ гардидани ҳукумати электронӣ давоми чанд сол аст, ки дар Қазоқистон хизматрасониҳо аз қабили ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми харидорӣ ва азнавбарасмиятдарории моликият, аз ҷумла амалӣ намудани харидуфурӯши моликияти манқул, воситаҳои нақлиёт, низоми маориф ва тандурустӣ, гирифтани иҷозатномаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пардохтҳои андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, гирифтани ипотека ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба таври рақамӣ ба расмият дароварда мешаванд”, - гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, ҷониби Қазоқистон изҳор доштааст, ки омода аст таҷрибаи ғании худро дар ин самт ба мутахассисони Тоҷикистон пешниҳод намояд, аз ҷумла тариқи баргузории семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ Тоҷикистон ва ҳам дар Қазоқистон ҷиҳати омӯзонидани мутахассисони соҳаи ҳукумати электронӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.