Пас аз бориши барфи шадид дар роҳҳои чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон яхбандӣ ба мушоҳида мерасад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 6-уми январ дар шоҳроҳи Ёвон-Душанбе, дар қаламрави ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ садама рух дод. Дар мошини ба ғайр аз ронанда боз як мусофир аз Ёвон – сокини 33-солаи ин ноҳия менишаст.

“Ронандаи мошини калони боркаши тамғаи “Шакман” – сокини 37-солаи маҳаллӣ, ки ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд, дар гардиш аз уҳдаи идораи мошин набаромад. Вай, ки бо суръати номуносиб ба вазъи роҳ ҳаракат мекард, дар канори роҳ чаппа шудаст”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, баъд аз дарёфти хабари садамаи шадид наҷотбахшони КҲФ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, бо ёрии дастгоҳи махсус дарро боз карданд ва ронандаву ҳамроҳи ӯро берун оварданд.

“Мутаассифона, мусофири мошин бар асари захмҳои шадид дар шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам даргузашт”, - зикр мешавад дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.