Боришоти шадиди рӯзи 27-уми августи соли 2023 дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод харобиҳои зиёде гузоштааст, ки ҷузъиёти онро Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар ба "Азия-Плюс" шарҳ дод.

Ин ниҳод навишт, дар пайи офати табиӣ 11 сокини (3 зан ва 8 мард) ҷамоати деҳотӣ Симиганҷ, Чӯянгарон, ба номи Н.Розиқ ва Ромити шаҳри Ваҳдат ва 2 сокини деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатиии ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, ду нафарро аз шаҳри Ваҳдат аз дохили автомобили ғарқшуда зинда берун кашидаанд.

КҲФ гуфт, ҳодиса соати 21:15 рух дод ва зиёда аз 100 хонавода аз ин ҷамоатҳои деҳоти ба номи Н.Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромити шаҳри Ваҳдат муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Ҳамчунин, 5 пули маҳаллӣ, роҳҳои байни аҳолинишин ва иншоотҳои муҳофизатӣ низ зарар дидаанд. Феълан дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои изтирорӣ кор карда, ҳаҷми хисоротро муайян мекунад.

“Дар ҳудуди деҳаҳои Обшорон, Зафар, Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ дар натиҷаи омадани сел заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зери об монда, дар деҳаҳои Маърифат ва Чинаки ҷамоати деҳоти Чортеппа сел ба таҳхонаҳои сокинони маҳаллӣ даромадааст. Тақрибан соати 23:00 дар деҳаи Дараи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ дар натиҷаи омадани сел 15 мошин дар зери лой монда, мутаассифона ду нафар ба ҳалокат расидаанд”,-зирк карданд аз КҲФ.

Сел боз дар кадом минтақаҳо харобиҳо овард?  

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи боришоти шадиди дирӯза дар шаҳру навоҳии зерин харобиҳо ба қайд гирифта шудааст:

- Дар мавзеи Шӯракса дар ҳудуди Хоҷаанбиёи поёни шаҳри Душанбе об ба қитъаҳои наздиҳавлигии биноҳои истиқоматӣ ворид шуда, роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (шафати бозори Кӯшониён)-ро баст, ки дар натиҷа кариб 35 метри девор (забор) зарар дид. Айни замон бо ёрии техникаҳо роҳ тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо дар канори он барқарор карда шудааст.

- Бар асари омадани сел аз дарёи Харангон ҳавлии мактаби №69, майдончаи варзишӣ, биноҳои ёрирасон ва роҳи шафати ин мактаб осеб диданд.

- Дар ҳудуди ноҳияи Сино роҳи байни Лучоби боло ва ноҳияи Варзоб баста шуд. Бо ёрии техникаи муҳандисӣ вазъияти ба амаломада бартараф карда шуд. Чунин вазъият дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ сабт гардид. Дар кучаи Дустии халқҳо, Аҳмади Дониш селоба роҳи мошингардро зер кард. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе талафоти ҷонӣ ва харобиҳои ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Asia-Plus

- Дар ноҳияи Тоҷикобод тахминан соати 19:10 дар километри 194-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш-Саритош, ки аз ҳудуди деҳаи Ғуломони ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ мегузарад, сел омад, ки дар натиҷа пули байни дараҳо дар ҳолати садамавӣ қарор гирифт. Бо ҷалби экскаватор соати 22:00 вазъият бартараф гардида, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

- Километрҳои 2, 3, 4 ва 18 шоҳроҳи Лаби Ҷар - маркази ноҳияи Сангвор зери об мондааст. Бо ёрии техникаи муҳандисӣ роҳ тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардид.

- Тахминан соати 14:40 дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сел омад. Бо кумаки таҷҳизоти муҳандисии хадамоти роҳдории IRS қитъаи роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

- Аммо, тахминан соати 16:30 дар километри 21-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд омадани сел ва фаромадани ярч ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 15 мошин зери лой мондааст. Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои вазъ таҷҳизоти муҳандисии IRS ва КҲФ ҷалб шуда, соати 02:00-и 28-уми августи соли 2023 вазъ ба эътидол оварда шуда, ҳаракати роҳ дар ду самт барқарор карда шуд.

Asia-Plus

- Дар километри 21-ум ва дар ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии КҲФ роҳи деҳаи Буваки ҷамоати деҳоти ба номи С.Айниро аз гил тоза кард.

- Дар ҳудуди деҳаи Лучоби маҳаллаи Гулбоғ-1 ва деҳаи Шодоби ҷамоати деҳоти Чорбоғ сел ба як қатор биноҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ қисман хисорот ворид кардааст. 14 машина дар назди биноҳои истиқоматӣ зери лой мондаанд. Дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои изтирорӣ кор карда, ҳаҷми хисороти расидаро муайян мекунад.

- Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Алмосӣ, Хонакои Кӯхӣ, Ҳисор ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор сел ба сокинони маҳаллӣ қисман хисорот ворид кардааст.

- Ҳамчунин, дар ҳудуди Рашт ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд омадани сел ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми шаҳру навоҳии осебдида комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода кор мекунанд.

КҲФ гуфт, муовини сарвазири кишвар, раиси КҲФ ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон ба маҳаллӣ офати табиӣ ба шаҳри Ваҳат ва ноҳияи Рӯдакӣ рафтаанд.

Вазъ таҳти назорати раисиҷумҳури кишвар қарор дошта, дастур шудааст, ки ба мардуми осебдида кумак расонанд.

Ин ниҳод гуфтааст, дар натиҷаи боришот хатари фаромадани ярч, фаромадани сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз сафарҳои безарурат дар ин рӯзҳо ба гӯшаву канори мамлакат, рафтан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии алаф, шикор, моҳидорӣ ва ғайра худдорӣ кунанд.

Аз сокинон хоста мешавад сари вақт ҷӯйбору каналҳои пеши манзилҳои худро тоза кунанд, то сабаби вориди хонаҳо шудани сел нашаванд”, - гуфтааст ин ниҳод.

КҲФ афзудааст, дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ва ҳар гуна садама шаҳрвандон метавонанд ба навбатдори фаврии КҲФ бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 28-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба оилаҳои ҳалокшуда дар натиҷаи боронгариҳои шаби гузашта изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.