Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бо дархости вохӯрии шахсӣ ба унвони вазири корҳои дохилӣ ва раиси КДАМ Тоҷикистон нома фиристод.
Тавре Раҳматилло Зойиров дар ин робита иттилоъ дод, аз замони ҳамлаи як гурӯҳ занон ба дафтари кории ҳизб, ки натанҳо ба баргузории брифинг монеъа эҷод карданд, балки ӯро ба роҳандозии ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ муттаҳам карданд, вақти зиёде сипарӣ шуд, лекин ин ҳодиса то ҳанӯз мавриди тафтиш қарор нагирифта, нисбати қонуншиканон чораҳо андешида нашудаанд.
«Номаро ман рӯзи 16-уми апрел фиристодам, лекин то ҳанӯз посух нагирифтаам. Агар вазири корҳои дохилӣ ва раиси КДАМ маро ба ҳузур пазиранд, ман ҳамчунин дар бораи омодагии ҳизб ба интихоботи парлумонии соли 2015 низ маълумот хоҳам дод», - иброз дошт раиси ҲСДТ.
Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми декабри соли гузашта ба баргузории конфронси матбуотӣ ба Раҳматилло Зойиров дар дафтари кории ҲСДТ дар Душанбе имкон дода нашуд. Як гурӯҳи занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.
Роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд.
Черепахи Таджикистана: почему их стало так много в Душанбе?
Молодёжь Таджикистана: сколько ее и чем она занимается?
Афиша от «Азия-Плюс»: Рок-концерт от Muza, Футболфест-2024 и «Салом, Тобистон!»
После нападений на иностранцев в Бишкеке закрылись 64 швейных цеха
Семь причин посетить саундтрек-концерт «Мир турецких сериалов»
Как суд присяжных в Таджикистане мог бы повысить доверие к судебной системе страны
В Душанбе задержали гадалку, которая выманила более 150 тысяч сомони у своей «клиентки»
Норвегия запретила въезд российским туристам
Таджикистан и Азербайджан подписали 14 новых документов
Задержан участковый ОМВД по району Кубодиён по подозрению во взяточничестве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста