Дар яке аз қабристонҳои шаҳри Конибодом афроди номаълум қуттӣ барои ҷамъоварии маблағҳои хайрияро дуздидаанд. Дар масҷиди маҳаллӣ низ ба ҳамин монанд қуттӣ гум шудааст.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Акбар Шарифов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл ба шуъбаи милисаи шаҳри Конибодом имом-хатиби масҷиди «Машҳад» Ҷаҳонгир Султонов муроҷиат намуда, аз рабуда шудани қутиҳои ҷамъоварии маблағи хайрия дар масҷиди мазкур ва оромгоҳи «Сари Мазор» хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, замони дуздида шудани қуттиҳо дар онҳо ҳудуди 4 ҳазор сомонӣ маблағ мавҷуд будааст.

Дар идома қайд шуд, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани дуздӣ сокини 35-солаи ноҳияи Конибодом И.Т. боздошт ва нисбати ин мард мутобиқи моддаи 244, қ. 2-и КҶ ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.