Суди шаҳри Маскав ба шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Содиқ Ортиқов дар робита ба таркиши метрои Санкт-Петербург айбнома пешниҳод кард.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аммо вакили дифои Содиқ Ортиқов гуфтааст, муфаттишон исботи даст доштани шаҳрванди Тоҷикистонро дар ин ҳамла надоранд. Ба гуфтаи ҳуқуқдон, силоҳе, ки дар вақти кофтукоби хонаи Ортиқов ошкор шуд, ба зерҳимояи ӯ рабт надорад, “зеро ӯ дар ин хона танҳо зиндагӣ намекард”. Худи Ортиқов низ ба бегуноҳияш таъкид кард ва гуфт, то боздошташ ошпаз буд ва зиндагиашро бо меҳнати ҳалол пеш мебурд.

Содиқ Ортиқов рӯзи 6 апрел дар Маскав боздошт шуд. Муфаттишон мегӯянд, ки аз хонаи ӯ таппонча ва маводи тарканда ёфтанд. Баъдан мақомот гуфтанд, Содиқ Ортиқов шаҳрванди Тоҷикистон буда, аммо тайи понздаҳ соли охир дар Русия қарор доштааст. Мақомот гуфтанд, ин зодаи шаҳри Қӯрғонтеппа оиладор ва соҳиби фарзанд аст ва то замони боздошт дар қаҳвахонаи "Лесное" ба ҳайси ошпаз кор мекард.

Суди яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав Ортиқовро то 3 июн ҳамчун яке аз гумонбарон ба амали террористӣ дар Петербург то 3 июн ба ҳабс гирифта, ӯ дар Маскав дарҳол баъди амали террористӣ ҳамроҳ бо Шоиста Каримова боздошт шуда буд.

Баъдан аз рӯи далели таркиш дар метро боз 6 нафар - Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов ва Муҳамадюсуф Мирзоолимов низ боздошт шуданд.

Сипас Хадамоти федералии амният дар бораи боздошти яке аз созмондиҳандагони эҳтимолии амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург - Аброр Азимов дар вилояти Маскав хабар дод. Ӯ ба омода кардани иҷрокунандаи бевоситаи амали террористӣ Акбарҷон Ҷалилов гумонбар дониста мешавад.

Баъди чанде Хадамоти мазкур дар бораи боздошти бародари калонии Азимов - Акрам хабар дод. Ӯ ба гумони кумак ҷиҳати интиқоли пулҳои истифодашуда барои омодасозии амали терористӣ ва ташкили робита бо террористони байнулмилалӣ боздошт шудааст.

Нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 16 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.