Ду афсари Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурии Раёсати нозироти корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳангоми порагирӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, нозири калони ин шуъба Маъруф Қараев тибқи маслиҳати пешакӣ бо сардори худ Бозорбой Қурбонов аз сокини Душанбе, ки ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда буд, 5 ҳазор сомонӣ пора талаб мекунанд.
Онҳо таҳдид мекунанд, ки нисбати ӯ вобаста ба вайрон кардани қоидаи бақайдгирии шахсони мувофиқи ҳукми суд ба корҳои ислоҳӣ маҳкумшуда маводи санҷишӣ тартиб дода, минбаъд ба суд пешниҳод мекунанд.
Гуфта мешавад, Қараев ва Қурбонов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ дастгир ва далели шайъӣ аз онҳо дарёфт шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшудагон мувофиқи моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Абубакр Шеров выиграл Кубок Азии по дзюдо среди молодежи
Президент Таджикистана уехал в Москву с рабочим визитом
Таджикистан и Украина обсудили перспективы сотрудничества
Российские войска отступают от Харькова, но атакуют в Луганской области. Генсек НАТО: Украина способна победить
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 мая 2022 года
Хонума, курутоб и бичак: Рецепты пяти самых любимых весенних таджикских блюд
Пять мест для весеннего пикника в Душанбе и около столицы
Как Таджикистан стремится стать футбольным центром Азии
Худжанд: Что можно показать туристам в северной столице Таджикистана?
C5+1 - проект для молодежи из Таджикистана в Кыргызстане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста