Дар муқоиса бо соли 2019 соли гузашта дар Тоҷикистон 10 ҷинояти куштор бештар ошкор шуд.
Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон имрӯз ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ин болоравӣ аз ҳисоби зиёд шудани ошкор гардидани ҳодисаҳои куштори солҳои пешин ба амал омад.
Ба гунаи мисол Хӯҷа-командир зикр шуд, ки дар иштирок ё содир намудани 20 куштори солҳои пешин гумонбар дониста мешавад.
Зикр шуд, ки айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хӯҷа Каримов ба итмом расида, ҷиҳати баррасии минбаъда ва содир намудани ҳукм ба мақомоти суд пешниҳод гардидааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли 2020 Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ ба гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳо мавриди пайгард қарор дошт. Аз ҷумла, ӯ ба куштор, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳи оташфишон айбдор карда мешавад.
Хӯҷа Каримов қаблан фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буда, солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.
Вай моҳи ноябри соли 1998 дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ айбнома оид ба ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров пешниҳод гардид, аммо баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд. Соли 1999 Хӯҷа Каримов Тоҷикистонро тарк кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 мая 2024 года
Он возродил таджикскую миниатюру и основал школу. Ко дню рождения Олима Камолзода
Выиграл или нет: Как проверить результаты лотереи Green-Card?
Владимир Путин пригласил Эмомали Рахмона на 9 мая в Москву
Верховный представитель ЕС: «Независимые СМИ сталкиваются с угрозами своему существованию во всем мире»
Агентство трудовой миграции: У узбекистанцев нет проблем с въездом в Россию
Великобритания назначила нового посла в Таджикистане
От блокировок до посадок: Журналистам в Таджикистане официально не рады
На юге Кыргызстана мини-грузовик сбил более 30 школьников
В Душанбе состоялся тренинг по доконтактной профилактике ВИЧ-инфекции
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста