Дар сохтори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдати ҳолати дуздии пули давлат ба маблағи зиёда аз 160,9 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, дар муддати 4 сол Маркази алоқаи “Почтаи шаҳри Ваҳдат” пулакӣ муассисаҳои давлатиро бо рӯзномаву нашрияҳои таъмин карда, аммо директори ин корхона Тоиров Ҷ.С. пули ҷамъшударо на ба буҷет, балки азхуд мекардааст.
Дар ҷараёни тафишот зиёни расида ба давлат дар ҳаҷми 160 ҳазору 957 сомонӣ пурра барқарор шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.
“Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 245, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар бораи азхудкунӣ ё камомад дар ҳаҷми ниҳоят зиёд парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд”, - зикр мешавад дар хабари Агентӣ.
Мувофиқи ин модда ба ӯ ҷарима дар ҳаҷми аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол таҳдид мекунад.
Как защитить лёгкие от городской пыли? Советы таджикского пульмонолога
Учителя английского языка пройдут цикл повышения квалификации на основе новых методик
В Душанбе в результате поножовщины ранены два брата
Таджикистан и Азербайджан заключили документы на $700 миллионов
К каким последствиям может привести гибель двух высокопоставленных политиков Ирана?
Кто поддержит социальный бизнес в Таджикистане?
Обвиняемые в теракте в «Крокусе» не стали оспаривать продление ареста
С 11 июня вырастет плата за выдачу шенгенской визы
В Таджикистане в два раза снизилась цена на карбамид
Тихоходный экспресс. Как продвигается ускоренная индустриализация в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста