Санаи 27 декабри соли гузашта зимни қабули ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини сарвазири ин кишвар Рустам Азимов Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати ҳамсоякишвар Шавкат Мирзиёевро даъват карда буд, ки барои дар ҳама гуна вақти барояш мусоид ба Тоҷикистон сафар кунад, аммо президенти Ӯзбекистон алҳол ба сафари Тоҷикистон шитоб надорад.

Аз дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ - Туркманистон (2 маротиба), Қазоқистон (2 маротиба) ва Қирғизистон ӯ аллакай боздид намуда, лекин ояндаи наздик сафари ӯ ба Душанбе пешбинӣ нашудааст.

Ба гуфтаи як манбаи огаҳи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, «айни замон барои ташкили сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон заминаҳо фароҳам оварда мешаванд».

Ӯ қайд кард, ки муддати чандин моҳ комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фаъолона машғули кор буда, санаи сафари президенти кишвари ҳамсоя маҳз ба натиҷаи кори онҳо вобаста аст.

«Барои анҷоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омода кардани лоиҳаҳои шартнома ва созишномаҳои байниҳукуматӣ зарур аст, - иброз дошт манбаъ. - Ман аз эҳтимол дур намедонам, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари зикршуда Душанбе ва Тошканд дар бораи шарикии стратегӣ шартнома ба имзо мерасонанд. То имрӯз Тоҷикистон бо Русия, Қазоқистон ва Чин чунин шартнома дорад».

Номбурда ҳамчунин итминон дод, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки ояндаи наздик ҳатман сурат мегирад, ҷонибҳо ният доранд, ки як бастаи бузурги созишномаҳои байнидавлатиро ба тасвиб расонанд ва шумори он нисбат ба натиҷаҳои сафари президенти Ӯзбекистон ба Ашқободу Остона ва Бишкек зиёдтар хоҳад буд.

Як манбаи дигари «Азия-Плюс» дар доираҳои дипломатии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки барои ташкили сафар дар чунин сатҳ вақт зарур аст.

«Сарони кишварҳо ба хотири танҳо пайнавишт (протокол) сафари давлатӣ анҷом намедиҳанд ва маъмулан дар ҳошияи чунин сафарҳо имзои санадҳои хеле муҳиму ҷиддӣ пешбинӣ мешавад», - гуфт дипломати тоҷик.

Ба ақидаи аксари сиёсатшиносони тоҷик, муддати як соли сари мансаб будан Мирзиёев аллакай собит намуд, ки Ӯзбекистон баҳри беҳбуди назарраси муносибатҳо бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҷиддӣ камар бастааст.

Аз ин рӯ, интизор мешавем…