Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба сифати нозир дар маъракаи интихоботи президенти Русия иштирок мекунад.

Тавре аз КМИР хабар доданд, дар маъракаи интихоботи президенти Русия ҳамчунин узви КМИР Носирҷон Салимӣ, роҳбари дастгоҳи КМИР Наврӯз Самадзода ва ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода низ ба сифати нозирон ширкат меварзанд.

Маъракаи интихоботи президенти Русия 18 марти соли 2018 баргузор мешавад. Агар ба баргузории давраи дуюм зарурат пеш ояд, он баъди се ҳафта, яъне 8 апрели соли 2018 гузаронида мешавад.

Маъракаи интихоботи номзадҳо моҳи декабри соли гузашта оғоз гардид. Барои баргузории ин чорабинӣ аз буҷет маблағи рекордии 17,69 млрд. рубл ҷудо мешавад.

Ба сифати номзадҳо дар маъракаи интихоботии президенти Русия Владимир Жириновский (Ҳизби либералӣ-демократии Русия), Павел Грудинин (Ҳизби коммунисти Русия), Владимир Путин (худпешбаришуда), Григорий Явлинский (Ҳизби Яблоко), Борис Титов (Ҳизби Роста), Сергей Бабурин (Иттифоқи мардумии Русия), Максим Сурайкин (Коммунистони Русия) ва Ксения Собчак (Ташаббуси шаҳрвандӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.