Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулаззиз Комилов дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, ширкат меварзад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон, дар доираи дар Тоҷикистон қарор доштан, ҳайти Ӯзбекистон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ мегузаронад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» имрӯз дар Душанбе ба кор оғоз мекунад.

Конфронси дурӯзаро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо барпо мекунад.

Конфронс дар Китобхонаи милли ҷумҳурӣ доир гардида, дар кори он намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони воломақоми СММ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ иштирок мекунанд.

Барои иштирок дар кори конфронси Душанбе беш аз 400 нафар меҳмонон ба қайд гирифта шудаанд. Дар конфронс аз иштироки намояндагони 46 кишвари саросари ҷаҳон ва 30 ташкилоту ниҳодҳои байнулмилалӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ интизорӣ меравад.

Ҳадаф аз баргузории конфронс таҳкими ҳамкорӣ дар самти ошкор ва пешгирӣ кардани фаъолияти террористии фаромарзӣ, густариши заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории зиддитеррористӣ байни давлатҳо, баррасии мушкилот ва монеъаҳо дар роҳи амалисозии тадбирҳои зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар мубориза бо киберҷинояткорӣ унвон мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.