Доир ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон зимни сафари моҳи августи соли гузаштаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ва гуфтушунидҳои ӯ бо сарвари давлати Ӯзбекистн Шавкат Мирзиёев тавофуқ ҳосил шуда буд.

Газаргоҳи нави марзии “Боботоғ” мақоми байнулмилалӣ нагирифта, тариқи он шаҳрвандони ҳарду кишвар, ҳамчунин воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон равуо мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Зикр гардид, ки гузаргоҳи нави марзии “Боботоғ” байни сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзона фаъолият мекунад.

Зимнан хотиррасон шуд, ки мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Ӯзбекистон омӯзиши масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои навро дар сарҳади давлатҳо идома дода истодаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар сарҳади ҳарду кишвар соли равон ифтитоҳи аз 3 то 15 гузаргоҳҳои нав дар назар аст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав ба рушди бештар устувори муносибатҳои дӯстона байни аҳолии минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат намуда, навбатпойиҳоро дар дигар гузаргоҳҳои сарҳад кам мекунанд.

Мутобиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз соли 2002, дар сарҳади давлатҳо 16 гузаргоҳ амал мекард, ки 9-тоаш мақоми байнулмилалӣ ва 7-тои боқимонда мақоми дуҷониба дошт.

Аксари гузаргоҳҳо нимаи солҳои 2000-ум дар натиҷаи ба сардӣ гароидани муносибатҳои дуҷониба баста шуда, то аввали соли гузашта танҳо дутоаш - яке дар самти Турсунзода - Сариосиё ва дигаре дар самти Бӯстон – Бекобод фаъолият мекарданд.

Моҳи марти соли гузашта пеш аз сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ҳамаи 16 гузаргоҳҳои сарҳадии байни давлатҳо пурра ба фаъолият оғоз намуданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.