Бо вуҷуди рух додани муноқишаи навбатӣ рӯзи 22 июл дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара байни шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалоку чандин нафар захмӣ шуданд, Душанбеи расмӣ ба корҳои омодагӣ ба вохӯрии санаи 26 июл таъиншудаи сарони Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара идома медиҳад.
Дар бораи ба санаи дигар гузаронидан ё бекор кардани вохӯрии сарони кишварҳо масъалагузорӣ нашудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки сарони кишварҳо бо вазъ дар маҳали мазкури сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шинос мешаванд.
Қаблан зикр шуда буд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 26 июл аз Исфара боздид намуда, бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору гуфтушунид ва масъалаи таъйин ва аломатгузориро дар хати сарҳади кишварҳо баррасӣ мекунанд.
Дар идома дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара вохӯрии сарони кишварҳо бо сокинони деҳаҳои наздимарзӣ пешбинӣ мешавад.
Айни замон кормандони сохторҳои қудратӣ ва раҳбарияти нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ворух қарор дошта, вазъро дар маҳал зери назорат гирифтаанд. Лекин роҳи Ворух - Исфара баста боқӣ мемонад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Синоптики: Завтра Таджикистан накроет пыльная буря
ЕБРР предоставляет банку «Арванд» кредит в размере $10 миллионов
Первый рейс по маршруту Душанбе – Тбилиси запланирован на 22 мая
Таджикские дальнобойщики в ожидании нового порядка перевозок через Узбекистан. Объясняем, почему он пока не работает
В Уголовный кодекс Таджикистана добавили статью о колдунах и гадалках
В Таджикистане завершается весенний сев, но чувствуется дефицит воды
Сколько таджикистанцев въехало в Россию в первом квартале 2024 года?
В Таджикистане запретили «Идгардак», носить чуждую национальную одежду и встречать паломников
В Узбекистане заведут реестр лиц, совершивших насилие
Хатлонская область впервые за 10 лет досрочно выполнила план весеннего призыва на 100%
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста