Аскар Акаев, раисҷумҳури пешини Қирғизистон ба Бишкек оварда шуда ва бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, хабар медиҳанд.
Бино ба иттилои торнамои svodka.akipress.org бо такя ба дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон, Аскар Акаев дар доираи парвандаи лоиҳаи "Кумтор" дар ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд ва акнун ӯ ба Қирғизистон оварда шуда ва ба дасти мақомоти тафтишотӣ супурда шудааст.
Аскар Акаев дар баробари мансабдорони дигари баландпояи Қирғизистон ба далели фасод дар созишномаи лоиҳаи "Кумтор" дар соли 1992, тағйиру иловаҳо ба он дар соли 1994 ва таҷдиди сохтории созишномаи генералӣ бо ширкати «Камеко» дар соли 2003 муттаҳам мешавад.
КДАМ Қирғизистон, ҳамчунин дар хабарномааш гуфтааст, ки "КДАМ дар раванди тафтишот барои барқарор кардани адолат дар мавриди ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани Аскар Акаев фаъолона кор карда, 2-юми агуст ӯро ба ҳудуди ҷумҳурӣ овард".
КДАМ ин кишвар гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир Аскар Акаев ба дасти Гурӯҳи ктафтишотии байниидоравӣ супурда шудааст ва дар ҳоли ҳозир Акаев дар бинои КДАМ қарор дорад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар мавриди тасмими минбаъда бар сари Акскар Акаев иловатан хабар медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Офтальмологическая клиника «Санталь» ищет врача
Афиша от «Азия-Плюс»: Tajikistan Fashion Week, «Весёлый балаган» и концерт ко Дню Победы
Оставленный водителем грузовик въехал в толпу школьников в Кыргызстане
Как небо над Дангарой украшали десятки парапланов
Таджичка борется за звание America`s Favourite Teacher
JICA предоставляет медицинское оборудование для повышения качества медицинских услуг в Таджикистане
Как простой сельский учитель собирает музей Мирзо Турсунзаде
«Сомон Эйр» открывает прямые рейсы из Худжанда в Урумчи
КЧС предупреждает о грозах и усилении ветра
В Душанбе награждены победители республиканского конкурса «Сайри гули лола»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста