Бархӯрди муносиб бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зимни гузаронидани чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Русия аз масъалаҳои муҳиме буд, ки дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сергей Лавров, баррасӣ гардид.
Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар қолаби маҳдуд ва васеъ мулоқот карданд ва ба масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
“Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Русия ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират, ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд”, - зикр шудааст дар мулоқот.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ҷонибҳо боздоштҳову латукӯби ахири муҳоҷирони тоҷик дар Русияро муфассал баррасӣ кардаан ё не. Ҳамчунин, дақиқ нест, ки вазири корҳои хориҷии Русия бархӯрди номуносиби кормандони мақомоти интизомии кишварашро расман шарҳ додааст ё не.
Ҷонибҳо ҳамчунин, ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ муфассал баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар доираи иқдомҳо ҷиҳати тавсеаи робитаҳои башардӯстона рафти иҷрои лоиҳаву барномаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вазирон вобаста ба баҳогузории чолишу таҳдидҳои амниятӣ нисбат ба вазъи кунунии Афғонистон назари яксон изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 5-уми июн Сергей Лавров бо як сафари корӣ ба Тоҷикистон ворид шуд. Сафари вазири корҳои хориҷии Русия дар пасманзари мавҷи боздошту таъқиби муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар сурат мегирад, ки дар пайи он ҷониби Тоҷикистон нигаронии худро иброз дошта буд.
Как ветераны войны встречали 9 мая в Душанбе в разные годы
Как фронтовик Мухитдин Салохов сыграл сам себя в фильме «В талом снеге звон ручья»
Мудрец по содержанию и форме. Памяти ученого-философа Хаёлбека Додихудоева
За какие заслуги участников ВОВ из Таджикистана удостоили звания Героев Советского Союза
С Днем Победы, Таджикистан!
Хранители боевой славы. Монументы, посвященные памяти павших воинов Таджикистана в годы ВОВ
На Таджикистан надвигается стихия. Как вести себя во время селей?
Состояние раненого таджикского учителя после столкновения на границе с Кыргызстаном стабильное
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста