Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хост, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ӯ дар мулоқот бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки "гузориш дар ин бора бояд ба ҳукумати кишвар ҳам фиристода шавад".

Яке аз нуктаҳое, ки оқои Раҳмон ба он муроҷиат кард, марбут ба мавзӯи истифодаи пулҳои будҷаи кишвар ва пойтахт дар ҷараёни сохтмон дар Душанбе буд.

Аз ҷумла, президент бо истинод ба таҳлилҳои Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, ки дар миқёси пойтахт содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта зиёд буда, вазъи мубориза бо коррупсия нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар давоми 10 соли охир ва дар паи 800 тафтишу санҷишҳо, ба қавли президент, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони пойтахт, 15 феврали соли 2017
Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва намояндаи парлумон, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, гуфтааст, дар гузашта дар бораи вуҷуди мушкил дар иҷрои тарҳи “Манзили дастрас” - яке аз пружаҳои марбут ба плани генералии бозсозии симои Душанбе хабарҳо пахш шуда буд.

“Мо аз воситаҳои ахбор маълумот гирифтем, ки ҳангоми бунёди биноҳои шаҳр ба ҷойи паркетҳои чӯбӣ, паркетҳои коғазии хитойиро истифода карда ва аз ин ҳисоб маблағҳои зиёдеро азхуд кардаанд, - иброз доштааст ӯ. - Ҳамчунин, ҳарчанд аз соли 2011 сокинон дар биноҳои истиқоматии барномаи “Манзили дастрас” зиндагӣ мекунанд, аммо то ҳол ин биноҳо аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул нашудаанд. Аз ин лиҳоз, сокинон наметавонанд манзилҳои худро шахсӣ кунанд”.

Дар ин зимн хотиррасон мебояд кард, ки бо дархости раҳбарияти нави шаҳрдории Душанбе Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас»-ро ғайринақшавӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ин лоиҳа бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.

Ба гуфтаи муовини раиси Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода, санҷиши нақшавии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории Душанбе соли 2016 гузаронида шуда, санҷиши навбатӣ соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд.

Дар лоиҳаи «Манзили дастрас» таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо манзилҳои нисбатан арзон дар хонаҳои баландошёна, ки дар маҳаллаи «Профсоюз» сохта мешаванд, пешбинӣ мешавад. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 манзилҳои аввал дар доираи ин лоиҳа бояд ба истифода дода мешуданд, вале сохтмони онҳо то ба ҳол ба итмом нарасидааст.