Дар назди раиси шаҳри Душанбе Шӯрои машваратӣ оид ба такмил ва татбиқи технологияҳои навин таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба дӯш гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Шӯрои мазкур бо мақсади роҳандозӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки технологияҳои муосир, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шаҳрдорӣ тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, кӯмак намудан ба муассиса ва корхонаю ташкилотҳои зерсохтори мақомот таъсис дода шудааст.

Ба ҳайати Шӯро ба ҷуз раиси пойтахт, ҳамчунин ҳамаи муовинони ӯ, коршиносону олимон ва вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шомил гардидаанд.