Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни маҷлиси ҳукумат нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  зикр гардид, ки «гӯшти мурғи воридмешуда пастсифат буда, баъзан ҳатто барои истеъмол хатарнок аст».

Зикр мегардад, ки бо ин сабаб бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати ҶТ  Ибодулло Қурбониён, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Шералӣ Вазиров ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Холмуҳаммад Каримзода аз вазифа озод карда шуданд.

Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин гузориши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022» ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари барнома ба Вазорати маориф ва илм, мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ супориш дод, ки барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки маъмулан мансабдорони давлатии Тоҷикистонро бидуни ба шаҳрвандон шарҳ додани сабаб аз кор озод мекунанд, ки боиси ҳар гуна овозаҳову хулосабарорӣ мешавад. Ахиран ин нахустин қарори ҳукумат дар бораи аз кор барканор шудани мансабдорони баландпоя аст, ки бо шарҳи сабаби он сурат мегирад.