Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои нозирони корхонаи воҳиди давлатии «Сохтмони манзили дастрас» қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин иқдом бо мақсади ҳимояи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, саривақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои бунёдшавандаи истиқоматӣ, беҳбуд бахшидан ва таъмини самаранокии фаъолият дар корхонаи мазкур роҳандозӣ мешавад.

Ба Шӯрои нозирон ҷиҳати назорати истифодаи мақсадноки воситаҳо дар лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» ва ҷараёни иҷрои уҳдадориҳо ваколат дода шуда, ҳамчунин ҳамоҳангсозии амалҳои ҳамаи шахсони ҳуқуқии иштирокдошта дар амалисозии ин лоиҳа низ ба дӯши шӯро вогузор мегардад.

Шӯроро муовини аввали раиси шаҳр Маҳмадсаид Зувайдзода ба роҳбарӣ гирифта, ба ҳайати он роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ ва саҳмдорони лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» шомил гардиданд.

Рустами Эмомалӣ ба директори КВД «Сохтмони манзили дастрас» дастур дод, ки дар муддати 10 рӯз аз санаи қабули қарори мазкур корҳои заруриро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи аввалини Шӯрои нозирони корхона ташкил намояд.

Дар лоиҳаи «Сохтмони манзили дастрас» дар Душанбе таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо хонаҳо дар биноҳои серошёна бо нархҳои нисбатан арзон пешбинӣ мешавад.

Амалисозии лоиҳаи зикршуда бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида, тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 бояд манзилҳои аввал ба истифода дода мешуданд, лекин то имрӯз сохтмони хонаҳо ба итмом нарасидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.