Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баъзи заҳматҳои нуҳмоҳа ба таътил мебароянд, ки се моҳ идома меёбад.
«Имрӯз аз фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум натиҷагирӣ мешавад», - изҳор дошт имрӯз раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи хотимавии иҷлосияи чоруми палата.
Ӯ бар ин назар аст, ки ба вакилони мардумӣ муяссар шуд, ки баҳри нафъи рушди давлат ва манфиати некӯаҳволии мардум дар самтҳои асосии фаъолияти худ корҳои муҳимро ба сомон расонанд.
Зуҳуров қайд кард, ки тӯли 9 моҳи сипаришуда 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи палатаи поёнии парлумон гузаронида шуда, дар ҷараёни он дар баробари масоили тадорукотӣ, 162 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва шумори зиёди созишномаҳои байнулмилалӣ баррасӣ шуданд.
Рухсатии вакилони мардумӣ то 15 август идома ёфта, санаи 16 август то 30 сентябр онҳо дар кумита ва комиссияҳои соҳавӣ фаъолият мекунанд.
Мувофиқи регламенти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум аввали моҳи октябри соли равон ба кор шурӯъ мекунад.
Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон ба даъвати иҷлосияи ғайринавбатии парлумони кишвар дар давраи рухсатии вакилон ҳуқуқ дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Он возродил таджикскую миниатюру и основал школу. Ко дню рождения Олима Камолзода
Выиграл или нет: Как проверить результаты лотереи Green-Card?
Владимир Путин пригласил Эмомали Рахмона на 9 мая в Москву
Верховный представитель ЕС: «Независимые СМИ сталкиваются с угрозами своему существованию во всем мире»
Агентство трудовой миграции: У узбекистанцев нет проблем с въездом в Россию
Великобритания назначила нового посла в Таджикистане
От блокировок до посадок: Журналистам в Таджикистане официально не рады
На юге Кыргызстана мини-грузовик сбил более 30 школьников
В Душанбе состоялся тренинг по доконтактной профилактике ВИЧ-инфекции
АБР советует странам ЦАРЭС региональный подход к разработке зеленых стандартов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста