Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи эълони ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Бадриддин Қурбонов ғолиби озмун дониста шуд. Ӯ бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад.
Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодкардаи Қурбонов, ранги қисмати болоии автомашинаи сабукрави таксӣ бояд зард ва қисмати поёниаш сафед бошад.
Бо қарори мазкур сарфи назар аз шакли молкиият, ҳамаи корхонаҳои машғул ба пешниҳоди хизматрасонии чунин навъи нақлиёт ба мусофирон ва боркашонӣ дар ин самт бояд то 15 июн аз ҳисоби худ ранги автомашинаҳоро ба намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.
Қобили зикр аст, ки автомашинаҳои таксӣ дар Душанбе як алтернатива ба автомашинаҳои мусофиркаши хурдғунҷоиш (маршруткаҳо) шуданд. Тибқи ҳисоби тахминии мутахассисони ин соҳа, дар панҷ ширкатҳои бузург дар Душанбе расман 1600 адад таксӣ фаъолият дорад. Ғайр аз ин, қариб ҳамин миқдор “таксиҳои ғайрирасмӣ” низ кор мекунанд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.
Собак в Душанбе отстреливают на глазах детей. Но власть это не волнует
Изъятые в рамках борьбы с оргпреступностью Кыргызстана бизнес-активы уйдут с молотка
Ботаническому саду в Худжанде исполнилось 70 лет
Предотвращение и лечения астмы у детей: что должны знать родители?
За день в Таджикистане утонули двое детей. Их тела до сих пор не нашли
Почему Таджикистану важно повышать критическое мышление своих граждан прямо сейчас
В Москве выпал снег
В Кыргызстане запретили привлекать детей к организации массовых мероприятий
Сколько денег получат ветераны ВОВ в Таджикистане?
Темур Умаров: «Уровень ксенофобии в России достаточно высокий», но «в интересах России спустить конфликт на тормозах»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста