Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, дар ин сафар ӯро кормандони ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳаи тиҷорат ҳамроҳӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, сафари мазкур бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, то рӯзи 23 август идома меёбад.
Имрӯз, 21 август Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони қаҳрамонони кишвари Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузошт.
Сипас ӯ бо ҳайати ҳамроҳаш аз Осорхонаи таърихи Ҳизби Коммунистии Чин боздид кард.
Осорхонаи мазкур аз соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 аксҳо, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Аз дигар ҷузъиёти барномаи сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Чин маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки Чин яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон буда, ба соҳаҳои гуногуни кишвар - аз энергетика то истихроҷи канданиҳои фоиданок ва сохтмони роҳҳо сармоягузорӣ мекунад.