Дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Фармони дахлдор дар ин бора рӯзи 13 сентябр аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расидааст.

Дар Оинномаи Марказ гуфта мешавад, ки вазифаҳои асосии он иборатанд аз:

- ҳамоҳангсозӣ ва идораи самараноки лоиҳаҳои грантӣ ва қарзии пешниҳодшудаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои молиявӣ;

- гузаронидани тендерҳо ва озмунҳо тибқи талаботи сармоягузорон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кории коршиносон, машваратчиёни байналмилалӣ ва миллӣ оид ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ва қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

- анҷом додани намудҳои дигари фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва барои ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда заруранд.

Гуфта мешавад, Марказ оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ дар назди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

Манбаъҳои маблағгузории Марказ инҳоянд:

- буҷети давлатӣ;

- грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои татбиқи лоиҳаи "Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон";

- грантҳо ва қарзҳое, ки давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва қарздиҳандаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудо менамоянд;

- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.