Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти густариши минбаъдаи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории халқҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро таъкид намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва тавофуқҳое, ки чанде пеш дар ин самт ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Сарони давлатҳо фаъолияти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро мусбат арзёбӣ намуда, ба фаъолсозии минбаъдаи кор изҳори ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ, ки ба таври анъанавӣ ба рушди тамоми доираи муносибатҳои дуҷониба такон мебахшад, идома дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.