Рӯзҳои 21 – 22-уми ноябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия меравад.

Тавре сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти Русия ва Михаил Мишустин, сарвазири Русия мулоқот хоҳад кард.

Дар хусуси ҷузъиёти сафар маълумот дода намешавад, танҳо маълум аст, ки зимни он як қатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ва муҳим ба имзо расонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки мулоқоти охири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, қабл аз нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, баргузор шуда буд.

Сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон бошад, моҳи апрели соли 2019 сурат гирифта буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.