Коршиноси тоҷик оид ба масоили Афғонистони муосир Қосими Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки боқимондаҳои ҷангиёни созмонҳои террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ва «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар Афғонистон, ки асосашонро зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ташкил медоданду қаблан аз НАТО ва нерӯҳои амнияти худи Афғонистон шикаст хӯрда буданд, комилан рӯҳафтодаанд.

«Ин гурӯҳҳоро дар Афғонистон кайҳо дигар созмонҳои террористӣ, аз қабили «Давлати исломӣ» ва ҳаракати «Толибон» аз майдон берун карданд», - гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Қосими Бекмуҳаммад.

Ӯ мутмаин аст, ки ҷангиёни Осиёи Миёна, ки замоне дар Афғонистон паноҳ ёфта буданд, имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҷиддӣ саҳме надошта, дастурҳои ҷудогонаи ночизи хоҷагони нави худро иҷро мекунанд.

«Бо итминон метавон гуфт, ки ҷангиёни минтақаи Осиёи Миёна дар Афғонистон қайҳост, ки ҳамчун бозигари мустақил вуҷуд надоранд», - чунин мешуморад коршинос.

Номбурда ҳамчунин мегӯяд, ҳузури намояндагон ва гурӯҳҳои ҷудогонаи созмони «Давлати исломӣ» дар Афғонистону Покистон танҳо ба он хотир аст, ки дар сурати шикасти пурраи Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия, онҳоро барои ақибнишинӣ макони мувофиқе омода кардан лозим аст.

Маълумоти хабаргузории афғонии Tolo News дар бораи аз ҷониби писари собиқ пешвои ҲИӮ Тоҳир Юлдошев ҷалб шудани ҷавонони Афғонистн ба сафҳои «Давлати исломӣ»-ро ӯ зери шубҳа гузошта, зикр кард, ки «агар писари Тоҳир Юлдошев ҳузур дошта бошад ҳам, ӯ дар Афғонистон ҳеҷ нуфузу дастгирӣ надошта, писандида ҳам нест».