Намояндагони Русия ва Қирғизистон дар бораи ҷойгир кардани пойгоҳи низомии дуюм дар минтақаи ҷанбуии Қирғизистон гуфтушунид доранд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сарвазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов дар мусоҳиба бо расонаҳои Русия гуфтааст, Қирғизистон бар ин назар аст, ки барои таъмини на танҳо Қирғизистон, балки тамоми минтақа бояд дар ҷануб як пойгоҳи низомӣ ҷойгир карда шуда, аммо дар ҳоли ҳозир тасмими қатъӣ гирифта нашудааст ва ҳанӯз дар ин маврид гуфтугӯҳо идома доранд.

Гуфта мешавад, сарвазири Қирғизистон ба суоли рӯзноманигорон дар бораи он ки "президент Алмосбек Отамбоев пештар гуфта буд, ки Русия метавонад дар Қирғизистон пойгоҳи дувумашро дар марз бо Тоҷикистон ҷойгир созад. Оё дар ин бора бо ҷониби Русия музокирот оғоз шудааст?", чунин посух гуфт, "дар сатҳи вазирон оиди ин мавзуъ машварат идома дорад".

Зикр мегардад, кеи ҳафтаи гузашта сарвазири Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Русия рафта, бо мақомоти он кишвар, аз ҷумла ҳамтои русаш Дмитрий Медведев мулоқот кард.

Дар доираи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Канти вилояти Чуйи Қирғизистон соли 2003 пойгоҳи низомии Русия таъсис шудааст.