Бо даъвати раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Ихтиёр Абдуллоев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов 16 апрел бо сафари корӣ ба шаҳри Тошканд рафт.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар минтақаи нуқтаи гузаргоҳӣ-назоратии «Фотеҳобод» С. Ятимов ва ҳайати ҳамроҳонашро раиси ХАД ҶӮ И. Абдуллоев пешвоз гирифт.
Гуфта мешавад, зимни музокирот роҳбарони хадамоти махсуси ду давлати бародар оид ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин мушкилоти амнияти минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Тадбирҳои муштарак барои мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, терроризму ифротгароӣ, аз ҷумла пешгирии фаъолиятҳои ҷинояткоронаи созмонҳо ва ҳаракатҳои террористиву ифротгаро муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо доир ба ҳамоҳангсозии амалҳо ва татбиқи чораҳои дар ин самт мувофиқашуда ба созиш расиданд.
Как стать студентом в Китае, шаги для поступления и необходимые документы
В Бободжон Гафурове задержали более 50 колдунов и гадалок
Прокурор МУС запросил ордер на арест Нетаньяху
Таджикистан и Кыргызстан обсудили безопасность на границе
Что гибель Ибрахима Раиси значит для политической системы Ирана
Почему Таджикистану не хватает мяса?
Россия планирует запустить производство лекарств в Таджикистане
Стоимость эстакады в Душанбе составит почти 28,5 миллионов евро
Сели в Таджикистане нанесли урон дорогам, сельхозугодьям и домам
В Таджикистан уже не страшно вкладывать инвестиции?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста