Мақомоти расмии Тоҷикистон санаи 22 ноябр бори нахуст ҳодисаи ошӯби шаби 8 ноябри маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷандро шарҳ доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарӣ дар Брюссел дар доираи вохӯрии вазирони хориҷӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ дар бораи саркӯб кардани ин исён маълумот дод, хабар медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, дар ошӯб асосан маҳбусони ба иттиҳоми терроризм маҳкумшуда, аз ҷумла пайравони гурӯҳи террористии Давлати исломӣ иштирок карда, дар ҷараёни бетартибиҳо 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд.
“Посбонон ва кормандони муассиса ошӯбгаронро ба муколама даъват карданд, лекин онҳо муқовиматро давом дода, чанде аз онҳо кӯшиши фирор намуданд... 12 нафар аз кушташудагон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия ва Ироқ дар сафҳои Давлати исломӣ адои ҷазо намуда, се нафар – аъзои гурӯҳҳои ифротгарои “Аносруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ” ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон мебошанд, боқимонда шаш тани дигар барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз қабли куштор ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд маҳкум шуда буданд”, - қайд кардааст вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамчунин ӯ тасдиқ намудааст, ки ҳангоми исён ду корманди муассиса кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарианд.
Сироҷиддин Муҳриддин зикр кардааст, ки ба тафтиши ошӯб дар зиндони Хуҷанд гурӯҳи махсуси Прокуратураи генералии Тоҷикистон машғул аст.
Қаблан ВАО бо истинод ба манбаъҳои худ хабар дода буданд, ки зимни саркӯби ошӯб дар зиндони Хуҷанд наздики 47 нафар маҳбусон кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд.
Манбаъҳо ҳамчунин иттилоъ дода буданд, ки аз рӯи ин парванда ҳафт нафар кормандони муассиса, аз ҷумла сардори зиндон Файзулло Сафарзода ва сардори шуъбаи риояи реҷа Фарҳод Садиров ба ҳабс гирифта шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки шаби 8 ноябр дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зада, нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия онро саркӯб карданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Президент Таджикистана и мэр Душанбе возложили венки к Вечному огню
Ходжи и бородатые - на выход. Кого депортируют из России?
В Душанбе в очередной раз обсудят закон «О СМИ»
«Просто работал на стройке». Что говорят родные о Джумахоне Курбонове, еще одном фигуранте дела о «Крокусе»
В Узбекистане хотят внедрить «справедливую» систему приема в вузы
Кто и в каких целях использует память о Второй мировой войне?
Сколько денег получат ветераны Великой Отечественной войны в странах Центральной Азии?
Генассамблея ООН поддержала инициативу Рустама Эмомали о Всемирном дне футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста