Вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии кишварҳо дар шаҳри Исфара доир гардид, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.
Дар вохӯрӣ хатти гузариши сарҳади давлатӣ муайян шуда, пешниҳодоти муайян кардани қитъаҳои боқимонда баррасӣ ва ҳамчунин дар бораи баргузор намудани таҳқиқоти муштараки саҳроӣ дар қитъаи марзи ноҳияи Ботканди Қирғизистон тавофуқ ҳосил шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ба наздикӣ вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон Сооронбой Жээнбеков ба нақша гирифта шудааст.
Дар вохӯрии сарони кишварҳо, тибқи маълумоти манбаъ, ба ҳалли мушкилоти марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан АКИpress бо истинод ба хадамоти матбути президенти Қирғизистон хабар дода буд, ки рӯзи 4 июл зимни мулоқот бо сокинни шаҳру ноҳияи Ботканд Сооронбой Жээнбеков изҳор намуд, ки ҳангоми сафари расмиаш ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сарҳад созиши ягона ҳосил шудааст.
“Муҳтарам президент Эмомалӣ Раҳмон ба наздикӣ ба Қирғизистон меояд ва гуфтушунидҳои мо идома меёбанд. Ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли масъалаи марбут ба сарҳадро бидуни таваҷҷуҳ намегузорем. Ҳам президенти Тоҷикистон ва ҳам ман ба гуфтушуниди озоду созанда омодаем”, - зикр карда буд он замон Сооронбой Жээнбеков.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
За какие заслуги участников ВОВ из Таджикистана удостоили звания Героев Советского Союза
С Днем Победы, Таджикистан!
Хранители боевой славы. Монументы, посвященные памяти павших воинов Таджикистана в годы ВОВ
На Таджикистан надвигается стихия. Как вести себя во время селей?
Состояние раненого таджикского учителя после столкновения на границе с Кыргызстаном стабильное
Путин поздравил президента и народ Таджикистана с Днем Победы
Эмомали Рахмон улетел в Москву
Президент Таджикистана и мэр Душанбе возложили венки к Вечному огню
Ходжи и бородатые - на выход. Кого депортируют из России?
В Душанбе в очередной раз обсудят закон «О СМИ»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста