Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон аз 31-уми август то 10-уми сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Бачаҳо»-ро мегузаронад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, амалиёт бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон роҳандозӣ мешавад.
Дар доираи амалиёт кормандони БДА дар минтақаҳо аз мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар ва сардорони Раёсатҳои БДА ВКД аз мактабҳои олии шаҳри Душанбе боздид намуда, бо хонандагону донишҷӯён дар бораи риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ вохӯриву суҳбатҳо баргузор мекунанд.
Раёсати БДА аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват кардаааст, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур фаъол буда, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд ва ҳаёти худу дигаронро зери хатар нагузоранд.
Тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 285 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифа шуда, бар асари онҳо 396 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 357 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Британии задержаны первые мигранты для депортации в Руанду
В Курской области России мигрантам запретили работать в такси
Из-за маленькой зарплаты мелиораторы Таджикистана уходят из отрасли
В США умер еще один свидетель, рассказавший о дефектах самолетов Boeing
Экс-глава МВД Казахстана арестован на два месяца
Душанбе и "Большой шлем": кто претендует на медали турнира?
МИД Кыргызстана рекомендовал гражданам отказаться от поездок в Россию
Глава МИД Таджикистана принял посла Соединенных Штатов Америки
«Глобальный саммит мира» по формуле Зеленского. Чего от него ожидать?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 мая 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста