Дар маросими таҳвили воситаҳои нақлиёт сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб Талбак, муовини вазири мудофиаи ҶТ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Тавре дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, воситаҳои нақлиёт ба қӯшунҳои мобилии Вазорати мудофиаи ҶТ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи маҳалҳо амалиёт гузаронанд.
Гуфта мешавад, воситаҳои нақлиётро Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи маблағгузории низомиёни хориҷӣ бо арзиши 575,000 доллари ИМА пешниҳод кардааст.
“Иёлоти Муттаҳида омода аст, дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии истиқлолият, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ саҳм гузорад, - омадааст дар хабар. - Ин кӯшишҳо нақши асосиро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, мусоидат мекунанд”.
Зикр мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида тули 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва тавассути барномаҳои дастгирӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният беш аз 1,9 миллиард доллари ИМА кӯмак расонидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Первую гостиницу Душанбе важно сохранить
Куандык Бишимбаев приговорен к 24 годам лишения свободы за убийство жены
Как 23-летняя девушка из Таджикистана трансформирует микрокредитование на Ближнем Востоке и в Центральной Азии
Республиканский турнир TAJMMAF: путь к Чемпионату мира
Узбекистан даст Казахстану более 900 млн кубометров воды в поливной сезон
В Душанбе молодая девушка родила первенца в «Олуча Такси»
В Армении на акциях в поддержку отставки Пашиняна задержали 151 человека
Фотограф из Таджикистана представит свои работы на медиа-форуме «Диалог Культур»
Узбекистан в 2024 году освоит $5 миллиардов российских инвестиций
Почему Путин снял Шойгу и почему назначил экономиста министром обороны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста