Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хаттти марзи давлатӣ байни давлатҳо 16 март дар шаҳри Гулистон сурат мегирад.
Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати кишвари ҳамсояро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки қаблан комиссияи мазкурро муовинони сарвазири кишварҳо сарварӣ мекарданд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.
Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.
Имрӯз шаҳрҳои Исфара зиёда аз 136 километр, Конибодом 46 километр, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 36 километр, Ҷаббор Расулов 51 километр, Спитамен 14 километр, Деваштич 69,2 километр ва Кӯҳистони Мастчоҳ 169,8 километр бо Қирғизистон хатти марз доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Черепахи Таджикистана: почему их стало так много в Душанбе?
Молодёжь Таджикистана: сколько ее и чем она занимается?
Афиша от «Азия-Плюс»: Рок-концерт от Muza, Футболфест-2024 и «Салом, Тобистон!»
После нападений на иностранцев в Бишкеке закрылись 64 швейных цеха
Семь причин посетить саундтрек-концерт «Мир турецких сериалов»
Как суд присяжных в Таджикистане мог бы повысить доверие к судебной системе страны
В Душанбе задержали гадалку, которая выманила более 150 тысяч сомони у своей «клиентки»
Норвегия запретила въезд российским туристам
Таджикистан и Азербайджан подписали 14 новых документов
Задержан участковый ОМВД по району Кубодиён по подозрению во взяточничестве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста