Ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи хоси ҳам кишварҳои ҳамҷавор ва ҳам созмонҳои байнулмилалиро тақозо мекунад, изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
“Мебояд эътироф намуд, ки тӯли 20 соли ҳузури гурӯҳи сершумори неруҳои ҳарбии эътилофи ғарбӣ дар кишвар, он дар суботи вазъият ва ташаккули сохторҳои устувори идоракунии давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил нашуд”, - гуфтааст ӯ зимни конфронс оид ба амнияти байнулмилалӣ дар Маскав.
“Пас аз хуруҷи неруҳои НАТО бо эҳтимоли зиёд метавон дубора барқарор шудани ҷанги шаҳрвандиро бо ҳамаи оқибатҳои манфии он, аз қабили минбаъд мушкил шудани ҳаёти аҳолӣ, муҳоҷирати оммавӣ, густариши ифротгароӣ ба кишварҳои ҳамсоя интизор шуд”, - илова кардааст Шойгу.
21 июн КДАМ Тоҷикистон дар баёнияи худ хабар дод, ки Шерхон Бандар, гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри Толибон гузашта, 134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварданд ва маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намоянд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон вазъият дар сарҳад орому босубот буда, алҳол хатаре вуҷуд надорад, “лекин мо бояд доимо дар золати омодабош қарор дошта бошем”.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар сурати зарурат Тоҷикистон метавонад 10 ҳазор паноҳандаи Афғонистонро бипазирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2024 года
Оказывается, премьера «Кавказской пленницы…» состоялась в Душанбе. Рассказываем, как это было
РБК: По делу о теракте в «Крокусе» задержан ещё один гражданин Таджикистана
В Казахстане завершилось судебное следствие по делу бывшего министра экономики, обвиняемого в убийстве жены
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста