Дар бинои Сирки Душанбе таҳти сарпарастии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ рӯзи 29 декабр ҷашни иди Соли нав доир мегардад, ки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб-интернатҳои шаҳр, пешсафони таҳсил ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба он даъват мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, чорабинӣ бо арчаи солинавӣ таҳти унвони “Шаҳри орзуҳо” баргузор шуда, ба ҳар кадоме аз кӯдакони даъватшуа аз номи Рустами Эмомалӣ таҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

Илова бар ин, раиси пойтахт дастур додааст, ки аз 20 декабр то 5 январ дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғати шаҳр ба таври ройгон намоишномаҳои театришудаи солинавӣ ва дигар чорабиниҳои идона гузаронида шавад.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ба кормандони дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ супориш додааст, ки ба муносибати фарорасии Соли нав ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, пиронсолони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат рафта, аз номи мақомоти шаҳрдорӣ ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ ҳадя кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.