Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ба қайди дастуру фармоишҳои худ дар феҳристи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ уҳдадор нест ва боре ҳам ин корро накардааст.

“Мо ба қайди фармоишҳо дар феҳристи Вазорати адлия уҳдадор нестем, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон. – То ин замон низ дастуру фармоишҳои худро дар Вазорати адлия ба қайд намегирифтем”.

Бино ба иттилои манбаъ, қайд дар Вазорати адлия ҳатмӣ набуда, Хадамот танҳо баъзе санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар он ҷо ба қайд мегузорад.

“Васоити ахбори умум дар бораи изҳороти Вазорати адлия дар ин робита иттилоъ доданд, лекин мо нисбати ин Вазорат ҳеҷ даъвое надорем, чунки ҳеҷ мактубе ин ниҳод ба мо нафиристодааст”, - иброз дошт манбаъ.

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар шарҳи ин изҳороти Хадамоти зиддиинҳисорӣ зикр кард, ки онҳо ба қайди фармоишҳои худ уҳдадор нестанд, агар онҳо хусусияти инфиродӣ дошта бошанд, яъне нисбати субъекти мушаххас содир шуда бошанд.

“Ин фармоиш бошад, умумиҳатмӣ буда, бояд ба қайд гирифта шавад. Далели қаблан ба қайд нагирифтани санадҳои умумиҳатмӣ ба қонунӣ будани онҳо асос шуда наметавонад. Дар қонун эзоҳ дода нашудааст, ки санадҳои умумиҳатмии Хадамоти зиддиинҳисорӣ набояд ба қайд гирифта шаванд”, - илова намуд ҳуқуқшинос.