Канали нав дар Telegram имкон медиҳад, ки хабарҳоро бо забони тоҷикӣ бе назардошти қатъи дастрасӣ ба сомонаи мутолиа намоед.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” барои корбарони забони тоҷикӣ дар Telegram канал (шабака)-и боз намуд. Ба он пешакӣ бо насби мессенҷери Telegram дар смартфони худ метавон бо суроғаи зерин обуна шуд: https://t.me/asiaplustj.

Канали “Азия-Плюс” бо забони русӣ, ки ба он қариб 8 ҳазор нафар обунаанд, имрӯз писандидатарин дар Тоҷикистн аст. Ба он метавон бо суроғаи зерин обуна шуд: https://t.me/asiaplushttps://t.me/asiaplus.

“Канали нахустинро дар Telegram барои корбароне, ки ҷиҳати боздид аз сомонаҳои иттилоотӣ вақти зиёд надоранд, мо якуним сол пеш боз карда будем. Баъи ним сол он ба воситаи қулайтарини дастрасӣ ба сомонаи мо табдил ёфт, ки бо тарзи оддӣ дастрасӣ ба он қатъ аст. Барои шиноосӣ бо хабарҳои мо суръати камтарини интернет ҳам кофӣ аст. Акнун мо канал (шабака)-ро бо забони тоҷикӣ боз намудем ва дар муддати чанд соат аллакай наздики 100 нафар ба он обуна шуданд”, - мегӯяд директори иҷроияи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Зебо Тоҷибоева.

Ӯ қайд кард, ки Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳамеша талош дорад, ки канал ва паблик-чатҳои худро дар мессенҷерҳо ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ рушд диҳад.

“Аз ҳама муҳимаш он аст, ки корбарони мо саривақт хабарҳои тозаро дарёфт кунанд, аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки ба ҷуз дастрасии мустақим ба сомона, дигар ҳама роҳу вситаҳои дастрасӣ ба хабару маводҳоямонро роҳандозӣ намоем”, - илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.