Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ дар бораи иҷоза надодани сафар тариқи ҳавопаймо ба шаҳрвандони 35 кишвар огоҳинома фиристод.
Ин қарор бо мақсади пешгирии паҳншавии имконпазири коронавирус дар ҷумҳурӣ ва таъмини солимиву бехатарии шаҳрвандони кишвар қабул шудааст.
Дар рӯйхати кишварҳое, ки вуруди шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон муваққатан манъ аст, давлатҳои зерин зикр шудаанд: Чин, Ҷопон, Корея, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Камбоҷа, Филиппин, Тайланд, Непал, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Финландия, Италия, Британия, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Шветсария, ИМА, Канада, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Эрон, Лубнон, Кувайт, Баҳрайн, Уммон, Афғонистон, Ироқ ва Алҷазоир.
Агентии авиатсияи гражданӣ дархост кардааст, ки агар шаҳрвандони ин кишварҳо ба Тоҷикистон аз кишвари худ мустақиман ё тариқи истифодаи хатсайри транзитӣ сафар карданӣ бошанд, муваққатан фурӯши чиптаи ҳавопаймоӣ ба онҳо амалӣ карда нашавад.
“Дар сурати чиптафурӯшӣ ва интиқоли шаҳрвандони кишварҳои мазкур ба фурудгоҳҳои байнулмилалии Тоҷикистон, онҳо бо хатсайри омадаашон бозпас гардонида мешаванд”, - иттилоъ доданд аз Агентӣ.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ин кишварҳо ба ҷумҳурӣ меоянд, ба муҳлати ду ҳафта ба карантин гирифта мешаванд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” муовини сарвари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода.
Мусофирони ҳамаи хатсайрҳо, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, барои санҷиши ҳарорат аз муоинаи тепловизор мегузаранд.
Ба гуфтаи Набизода, ширкатҳои ҳавопаймоӣ уҳдадоранд, ки пулҳои мусофирони қаблан билетхаридаро баргардонанд.
Дар ширкати Turkish Airlines қайд карданд, огоҳиномаи Агентиро ба ҳамаи фурудгоҳҳое, ки ширкат ба он ҷойҳо парвоз мекунад, фиристодаанд ва акнун ба шаҳрвандони кишварҳои мазкур, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, ба сафар иҷоза намедиҳанд.
Аммо масъалаи баргардонидани маблағи чиптаҳои харида ба хатсайрҳои Turkish Airlines то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Какие проверки проходят водители автобусов в Таджикистане перед тем, как выйти в рейс?
Генпрокуроры Таджикистана и Турции обсудили задержание и экстрадицию таджикских граждан, находящихся в розыске
Синоптики: Завтра Таджикистан накроет пыльная буря
ЕБРР предоставляет банку «Арванд» кредит в размере $10 миллионов
Первый рейс по маршруту Душанбе – Тбилиси запланирован на 22 мая
Таджикские дальнобойщики в ожидании нового порядка перевозок через Узбекистан. Объясняем, почему он пока не работает
В Уголовный кодекс Таджикистана добавили статью о колдунах и гадалках
В Таджикистане завершается весенний сев, но чувствуется дефицит воды
Сколько таджикистанцев въехало в Россию в первом квартале 2024 года?
В Таджикистане запретили «Идгардак», носить чуждую национальную одежду и встречать паломников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста