Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар нишасти хабарии 21-уми июл гуфт, ки мавҷудияти кафедраҳои ҳарбӣ рақобати солиму устувори байнимуассисавиро аз байн мебарад.

“Дар соли хониши 2019-2020 ба донишгоҳҳои дигар 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар кӯч бастанд. Ин ду омил дорад. Яке аз ин омилҳо он аст, ки дар аксари мактабҳои олӣ кафедраҳои ҳарбӣ мавҷуданд”, - изҳор дошт ректор.

Вай афзуд: “Яке аз маъракаҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон даъвати ҳарбӣ аст. Вақте хатмкардаи мактаби олӣ меравад, ӯ рутбаи афсар мегирад, зеро кафедраи ҳарбӣ хондааст. Агар ҳамчун афсар ба хизмати ҳарбӣ даъват шавад, бо маоши муносиб меравад. Агар не, ба ихтиёри худ мегарадад. Дар мактабҳои олие, ки кафедраҳои ҳарбӣ нест, ин зуҳурот нест”.

Сайфиддин Давлатзода омили дигари кӯч бастани донишҷӯёнро аз донишгоҳҳои музофотӣ норасоии нерӯи кадрӣ, воситаҳои таълимӣ ва усули дарсӣ арзёбӣ кард.
“Ҳанӯз дар музофотҳо норасоии нерӯи кадрӣ аз фанҳои дақиқ ва равияи техникию технологӣ ба назар мерасад... Пешаи омӯзгорӣ заҳматталаб аст, ҳар кас намехоҳад омӯзгор бошад ва таълимгирандаи имрӯза низ аудиторияе ҳаст, ки на ҳар омӯзгорро бардошта метавонад. Ман фикр мекунам, ин яке аз омилҳои навбатии кӯч бастани донишҷӯён ба дигар мактабҳои олӣ мебошад”, - гуфт ректор.

Ба қавли ӯ, давоми як соли охир 13 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба донишгоҳҳои дигар гузаштаанд. Ҳамзамон аз мактабҳои олии дигар ба ин донишгоҳ 15 нафар донишҷӯён омадаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.