Шеъри “Бешаи анбӯҳи андеша”- и шоир Абдуқаҳҳори Қосим дар шаҳри Пекин сазовори Шоҳҷоизаи “Озмуни рӯзномавии ҷаҳонии шеър” таҳти унвони The Outstanding Winners (Ғолибони барҷаста) гардид.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, дар радифи Абдуқаҳҳори Қосим, Маки Старфилд аз Ҷопон,Татяна Требинова аз Россия ва Сума Монтейру аз Боливия сазовори шоҳҷоиза гардиданд.
Гуфта мешавад, ки дар озмун, ки 3-юми январи соли 2020 эълон шуда буд, ҳамагӣ 607 муаллиф аз Ҷумҳурии Хитой ва давлатҳои хориҷа ба мисли Покистон, Филиппин, Россия, Ҷопон, Ҳиндустон, Италия, Тоҷикистон, Туркия, Боливия, Канада, ИМА, Дания, Венесуэла, Косово, Сербия, Булғория, Маврикий ва дигар манотиқи дунё иштирок намуданд.
Шоҳҷоиза ва дигар туҳфаҳо баъд аз маросими тантанавӣ, ки моҳи сентябри соли 2020 дар Пекин баргузор мегардад, ба муаллифоне, ки бо сабаби бемории ҳамагири COVID -19 иштирок карда наметавонанд, фиристода мешаванд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки «Озмуни рӯзномавии ҷаҳонии шеър», ки аз ҷониби «Асотсиатсияи журналистони ҷаҳонӣ», «Рӯзномаи ҷаҳонӣ», «Телевизиони ҷаҳонӣ», «Телевизиони моҳворавии ҷаҳонӣ», «Ахбори ҷаҳонӣ ва Тутяо» ташкил гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Ёдовар мешавем, ки Абдуқаҳҳори Қосим ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, узви конфедератсияи байналмилалии журналистон, узви Академияи адабиёти Россия ва ҳамоҳангсози раёсати байналхалқии нависандагон, драматургон ва журналистон оид ба кор бо муаллифон мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Кыргызстане запретили привлекать детей к организации массовых мероприятий
Сколько денег получат ветераны ВОВ в Таджикистане?
Темур Умаров: «Уровень ксенофобии в России достаточно высокий», но «в интересах России спустить конфликт на тормозах»
Свобода прессы в Таджикистане: падение на две строчки в рейтинге «Репортёров без границ»
Какое место занял Таджикистан в рейтинге бедных стран?
Сборная Таджикистана по футзалу заняла 34 место среди 139 стран в рейтинге ФИФА
Что соседи скажут? Как в Таджикистане выбирают лучшую семью
Кто из глав государств поедет в Москву на Парад Победы?
Таджикистан подписал Декларацию о детях, молодежи и действиях в области климата
Путин сегодня в пятый раз вступит в должность президента России
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста