Ҳудуди 15 тан аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ин субҳ барои додхоҳӣ назди Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ шуданд.
Ин донишҷӯёни тоҷик аз Сафорати Русия дархост карданд, ки барои берун шудани онҳо аз кишвар ба хотири идомаи таҳсил мусоидат кунад.
Аз ин пеш, рӯзи 9-ноябр ин донишҷӯён барои додхоҳӣ ба назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рафта буданд. Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, аз мушкили ин донишҷӯён огоҳ аст ва масъаларо бо ҷониби Русия дар миён гузоштааст, ки дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Ин донишҷӯёни мегӯянд, ки дар сафорат ба онҳо гуфтаанд, ки рӯзи биоянд ва намояндаҳои масъул онҳоро мепазирад ва он ҷо мушкилашонро метавонанд баррасӣ кунанд.
Ин донишҷӯён имрӯз ба намояндаи сафорат гуфтаанд, ки таҳсили фосилавӣ дар кишвар душвор аст ва мехоҳанд ба макони таҳсили худ бираванд ва дар дарсҳо амалан иштирок кунанд, то битавонанд мутахассиси хубе шаванд,- гуфт яке аз ин донишҷӯён Начибулло Абдуллоев.
Донишҷӯён рӯзи 9-уми ноябр дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ ҳам гуфта буданд, ки ба далели қатъ шудани барқ, сустии суръат ва гаронии нархи интернет, наметавонанд дарсҳояшонро фосилавӣ бихонанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ дар иттилоияе, ки рӯзи 9 ноябр дар торнамои вазорат нашр кард, таъкид мекунад, ки “дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, Сафорати Русия дар Душанбе қайд намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Иди Курбон-2024: Что нужно знать о самом главном празднике в исламе?
Суд в Бишкеке оправдал обвиняемых по Кемпир‑Абадскому делу
Как и для кого работает Центр реабилитации инвалидов в Душанбе?
Опасность схода селей сохраняется, пострадавшие ранее от стихии получили помощь
Где в Душанбе можно заняться вокалом?
Зарина Рахмон стала первым заместителем главы «Ориёнбанка»
«Я наточила перо на врага…». Зульфие Атои - 70 лет
Силовым структурам Баткена и Согда дали поручения по обеспечению общественной безопасности
Стали известны соперники молодежных сборных U-20 и U-17 Таджикистана на Кубке Азии - 2025
«Джентльмены удачи» и «Алладин». Какие фильмы снимались в Узбекистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста