Дар зарфи 6 рӯз аз оғози маъракаи даъвати наваскарон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақша 56% иҷро шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода.
Бино ба гуфтаи ӯ, то ҳол чунин нишондиҳандаи баланд дар ин маърака ба мушоҳида нарасида буд.
Маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз 1 апрел шурӯъ шуд.
Шоми ҳамон рӯз раҳбарияти ВМКБ аз 100% иҷро шудани нақшаи даъват мужда расонид.
Ҳамчунин боз се ноҳияи вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввали оғози маърака хабар доданд.
“То имрӯз нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе 74,3%, вилояти Суғд - 43%, Хатлон - 45% ва Ноҳияҳои тобеи марказ - 77% ба иҷро расид”, - гуфт Маҳмадализода.
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ - апрел ва май ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.
Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардид.
Ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хидмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хидмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.
Ғайр аз ин, мутобиқи қонуни нав, уҳдадори даъватшавандагон ва волидони онҳо зиёдтар шуд. Бар асоси қонуни нав, дар сурати ҳузур надоштани даъватшаванда, волидон (ё шахсони ивазкунандаи онҳо) ба қабули даъватнома бо забонхат ва ба шаҳрванди даъватшаванда ба хидмат расонидани он уҳдадор мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Он возродил таджикскую миниатюру и основал школу. Ко дню рождения Олима Камолзода
Выиграл или нет: Как проверить результаты лотереи Green-Card?
Владимир Путин пригласил Эмомали Рахмона на 9 мая в Москву
Верховный представитель ЕС: «Независимые СМИ сталкиваются с угрозами своему существованию во всем мире»
Агентство трудовой миграции: У узбекистанцев нет проблем с въездом в Россию
Великобритания назначила нового посла в Таджикистане
От блокировок до посадок: Журналистам в Таджикистане официально не рады
На юге Кыргызстана мини-грузовик сбил более 30 школьников
В Душанбе состоялся тренинг по доконтактной профилактике ВИЧ-инфекции
АБР советует странам ЦАРЭС региональный подход к разработке зеленых стандартов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста