Роҳбари Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, ки ба он Фергана истинод меоварад, хабар додааст, ки ВКД Русия ба вуруди 150 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ва ҳамин миқдор аз Ӯзбекистон иҷоза додааст.
Дар навори видеоии шабакаи Федератсия дар YouTube ӯ шарҳ додааст, ки танҳо он муҳоҷироне ба кишвар баргашта метавонанд, ки манъи вурудашонро ВКД содир кардааст.
Барои он муҳоҷироне, ки бо қарори суд ихроҷ шудаанд, вуруд ба муҳлати аз ҷониби мақомоти суд муқарраршуда манъ боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Коженов, шаҳрвандони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, ҳанӯз 18 август аз пойгоҳҳои маълумот хориҷ шуда, аз ин рӯ, муҳоҷиронро лозим аст, ки худро дар сомонаи ВКД бисанҷанд, ки то ки аз иҷозаи вуруд доштанашон ба Русия огаҳӣ ёбанд.
Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба ҳудуди 99 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Русия рад шуд.
Тибқи маълумоти сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, генерал-лейтенанти пулис Валентина Казакова, то аввали моҳи октябр дар Русия ҳудуди 7 млн муҳоҷир қарор доштанд, ки танҳо “шумори начандон зиёдашон” ғайриқонунӣ ҳузур доранд.
Кормандони хориҷӣ, ки худро ба қайди муҳоҷират гузоштаанду лекин то 30 сентябр ба дароз кардани муҳлати ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ фурсат пайдо накардаанд, будубоши худро то 30 декабри соли равон қонунӣ карда метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Коклюш: что за болезнь и чем она опасна?
Таджикистан выразил обеспокоенность отказами во въезде таджикистанцев в РФ
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
В Бохтаре планируют построить 80 многоэтажных жилых домов
Zypl.ai: первый стартап из Таджикистана, получивший лицензию в ADGM и принявший участие в программе Hub71
Чем опасны таджикские колдуны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста