Абдурозиқ, овозхон ва блогер аз Тоҷикистон  бо Салмон Хон, ҳунарманди саршиноси синамои Ҳиндустон дар як филми Боливуд нақш бозӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи покистонии “Daily Pakistan”, рӯзи 3 августи соли равон хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки Абдурозиқ дар филми коргардон Фарҳод Самҷӣ бо номи "Кабҳи Ид Кабҳи Дивалӣ" ҳамроҳ бо Салмон Хон нақши калидиро иҷро мекунад, ки эҳтимол дорад, дар оянда "Бародар" номгузорӣ шавад.

Гуфта мешавад, ки филм дар жанри мазҳакавӣ омода гардида, интизор аст,  соли оянда рӯи пардаи синамо ояд.

“Наворбардории "Кабҳи Ид Кабҳи Дивалӣ" дар мазрааи Салмон Хон дар канори Мумбай моҳи июн оғоз шуд. Дертар номи филм ба "Бародар" иваз карда шуд, то он ҳамчун як қисми филми пурфурӯши "Бародар Баҷрангӣ" (Брат Баджранги) ба назар расад”, - навиштааст пойгоҳи “Daily Pakistan”.

Ба гуфтаи манбаъ, Абудрозик аз нақшаш дар ин филми ҳиндӣ иқтибос оварда ва гуфтааст, ки боре тасаввур карда наметавонист, ки дар филме бо Салмон Хон нақш бозад:

«Ман хеле хушбахту  дар  ҳаяҷонам ва ҳеҷ гоҳ тасаввур карда наметавонистам, ки рӯзе бо чунин як ситораи бузург Салмон Хон филмбардорӣ мекунам. Барои исботи он, имконе, ки ба ман дода шудааст, бар абас нест, зиёд меҳнат мекунам».

Ҳарчанд Абдурозиқи 18-сола дар солимиаш нуқс дошта, мисли кӯдаки 7-8-сола ба назар намояд ҳам, хеле хуб овозхонӣ мекунад ва натанҳо дар дохили кишвар, балки дар дигар кишварҳо низ писандида аст.

Ӯро тез-тез барои иштирок дар консерту чорабиниҳои гуногун ба хориҷи кишвар даъват мекунанд. Абдуразоқ дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла рэп бо забони тоҷикӣ сарояндагӣ мекунад.

Абдурозиқ моҳи августи соли гузашта соҳиби раводиди тиллоии Имороти Муттаҳидаи Араб шуд. Имрӯз Абдурозиқ яке аз блогерҳои машҳур дар Осиёи Марказӣ буда, дар “Instagram” ва “TikTok” миллионҳо дунболкунанда дорад.

Дар моҳҳои охир ӯ, бо барандаи ҷоизаи “Grammy” AR Rahman, таронасаро ва таҳиякунандаи саршинос “RedOne” ҳамкорӣ кардааст. Ба наздикӣ ба ӯ ҷоизаи “Celebrity Influencer of the Year” дода шуд.

Ширкати Абдурозиқ дар намоҳанг (клип)-и сарояндаи рэпи Русия Алишер Моргенштерн дар соли гузашта якбора шуҳрати ӯро афзун кард. Намоҳанги видеоӣ зери унвони “Домой” (Ба хона) дар Youtube нашр шуда, дар Дубай наворбардорӣ шудааст.

Абдурозиқ моҳи ноябри соли 2021 ҳамкории худро бо яке аз блогерони маъруфи кишвар Барон (Бехрӯз Шарифӣ), ки ӯро аз зодгоҳаш Панҷакент ба Душанбе оварда, ҳамчун продюсер дар сабту фаъолияти блогерии ӯ кӯмак мекард, қатъ кард. Хабари канда шудани ҳамкории ду блогер якбора дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро барпо кард ва онҳо маҷбур шуданд, ки бо нашри видеоҳои алоҳида сабаби қатъи фаъолияташонро шарҳ диҳанд.

Баъди ин Абдурозиқ ба Дубай рафт ва ҳамин тариқ, бо блогерону ҳофизон ва ҳунармандону дигар шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкориро оғоз кард. То ин замон ӯ бо ошпази машҳур Бурак, овозхони шинохтаи рэпи рус Моргенштерн, футболбоз Криштиан Роналдо, блогер Олга Бузова, ҳунарманди саршиноси Ҳинд Салмон Хон ва дигар чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон вохӯрда, ҳамкорӣ оғоз кардааст.

Ҳамчунин, қувваозмоии ӯ бо Хасбик, як блогери доғистонӣ, ки дар қаду ҷусса ҳамрадифи ӯст, байни ҷомеа баҳси зиёдеро ба бор оварда буд. Бори аввал дар бораи имкони қувваозмоӣ байни Абдурозиқ ва Хасбик дар доираи UFC роҳбари ин ташкилот Дана Уайт изҳори назар карда буд.

“Бале, қувваозмоӣ доир мегардад ва он дар Бостон баргузор мешавад”, - овардааст гуфтаҳои Уайтро Barstool Sports.

Дар бораи рӯзи рақобат худи нашрия чунин менависад: “Билохира рӯзи бори нахуст ба рақобат пардохтани Хасбулло дар UFC бароямон маълум шуд - 20 август бо Абдурозиқ”.

Қобили зикр аст, ки Абдурозиқ ва Хасбулло дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухлисони зиёд доранд. Бо сабабҳои гуногун вобаста ба синну сол (18 ва 20-сола) қад ва вазни онҳо аз муқаррарӣ хеле паст ва камтар асту ҷисмашон ба кӯдакони 7-8-сола монандӣ дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.