Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба Вазорати кишоварзӣ барои тарҳрезии низом ва баланд бардоштани малакаи роҳбарони шӯъбаҳо ва мутахассисони пешбар кӯмак мерасонад.

Дар чаҳорчӯби ин иқдом як давраи омӯзишии чаҳоррӯза барои роҳбарони сатҳи баланд баргузор шуд. Омӯзиш ба пешниҳоди абзорҳо ва асосҳои идоракунии равандҳои тиҷорат нигаронида шуда, ба намояндагони роҳбарияти Вазорат имкон дод, ки бо усулҳои муосири идоракунии ба раванд нигаронидашуда шинос шаванд.


Ин ба мудирони шуъбаҳо кӯмак мерасонад, ки ба маҳсулнокии баланд ва натиҷаҳои воқеӣ ва назаррас ноил гарданд.

Илова ба мавзӯъҳои дар боло зикршуда, роҳбарони шӯъбаҳои Вазорати кишоварзӣ малакаҳои муайян ва ба расмият даровардани равандҳои фаъолияти вазоратро ҷиҳати таҳлили минбаъда ва рушди системаҳои иттилоотӣ ба даст оварданд.


Лоиҳа кӯмаки ҳаматарафа ба Вазорати кишоварзиро идома дода, таҳкими иқтидори онро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва устувории аҳолии деҳот дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.


Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/ “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)”-и GIZ, ки муштаракан аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад, баҳри афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.