Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 9-и мактаби №8-и ноҳияи Данғара Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро  дар соли 2022 соҳиб шуд.

Маросими ҷоизасупории озмун, ки бо сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегузарад, шоми 17-уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Ба ғайр аз шоҳҷоиза, инчунин, аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср ғолибон дар бахшҳои гуногун муайян шуданд.

Дар озмун хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва болоӣ, донишҷӯён, магистру аспирантҳо, докторантҳо, омӯзгорон, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат карданд.


Шоҳҷоизаи ин озмун, ки ҷоизаи асосӣ ба ҳисоб рафта, имсол барои он 11 ғолиби ҷойи аввал талош карданд, насиби Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 9-и мактаби №8-и ноҳияи Данғара шуд. Ӯ соҳиби диплом ва 70 ҳазор сомонӣ гардид.

Ҳамин тариқ, дар миёни донишҷӯён (бакалавр, магистр) ва докторантҳо дар бахши адабиёти классикии тоҷик Шоира Мадалиева, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ), дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Нозия Аминбекзода, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ДДТТ), дар бахши адабиёти муосири тоҷик Мавзуна Исанова, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ДДОТ) ва дар бахши адабиёти ҷаҳон Нурбибӣ Бобоева, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров (ДДХ) сазовори ҷои якум гардиданд.


Дар бахши адабиёти классикии тоҷик Хайринисо Раҳмонова, донишҷӯи курси 4-и ДДОТ ва Садбарг Қудратова, донишҷӯи курси 4-и ДДХ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Муродалӣ Миракзода, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ДДБ) ва Рамзия Зарифова, донишҷӯи курси 3-и Колллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи сеюм дониста шуданд.

Дар бахши адабиёти муосири тоҷик Ҳабиба Абдураҳимзода, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ (ДДК) ва Парвина Азимова, донишҷӯи курси 4-и ДДХ сазовори зинаи дуввум гардиданд.

Ҷойи сеюм дар ин бахш  насиби Мирзобег Азиззода, донишҷӯи курси 4-и Коллеҷи  тиббии шаҳри Ваҳдат ва Файзигул  Мусулмонзода, донишҷӯи курси 4-и ДДОТ гардид.

Ҳамин тавр, дар бахши адабиёти муосири тоҷик Муҳаммадрасул Сатторов, донишҷӯи курси 4-и Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ва Истамиён Норгул, донишҷӯи курси 2-и  Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Ҷойи сеюм дар ин бахш насиби Ҷумахон Сафаров, донишҷӯи курси 3-и ДДБ ва Суҳроб Отаев, донишҷӯи курси 2-и ДДХ гардид.


Муҳтарамаи Зиёвуддин, донишҷӯи курси 4-и ДДК ва Мавлуда Атаджанова, донишҷӯи курси 2-и ДМТ дар бахши адабиёти ҷаҳон соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Дар ин бахш ҷои сеюм насиби Саёҳат Шукурова, донишҷӯи курси 4-и ДДБ ва  Мубина Абдуллоева, донишҷӯи курси 4-и ДДОТ шуд.

Миёни хонандагони мактабҳои ибтидоӣ (синфҳои 1-4) дар бахши адабиёти классикии тоҷик Динора Кароматзода, хонандаи синфи 5-и мактаби №18-и ноҳияи Данғара ва дар бахши адабиёти муосири тоҷик Гулрӯза Ҷамолиддиновна, хонандаи синфи 4-и мактаби №36-и ноҳияи Ашт,   сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Дар бахши адабиёти классикии тоҷик дар миёни хонандагони мактабҳои ибтидоӣ Нозанин Умарова, хонандаи синфи 4-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон, Фаришта Толибова, хонандаи синфи 4-и мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.


Иброҳим Алиев, хонандаи синфи 5-и мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоеви ноҳияи Сино ва Муҳаммадюсуф Шарипов, хонандаи синфи 3-и мактаби №18-и ноҳияи Шаҳристон соҳиби ҷойи сеюм эълон шуданд.

Ҳамин тавр, дар бахши адабиёти муосири тоҷик Эраҷ Ҳакимов, хонандаи синфи 4-и мактаби №70-и ноҳияи Кушониён ва Робия Ҳакимова, хонандаи синфи 3-и мактаби №26-и ноҳияи Кушониён сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ҷойи сеюм дар ин бахш насиби Сафия Раҷабова, хонандаи синфи 3-и –мактаби №2-и шаҳри Гулистон ва Салоҳиддин Самадов, хонандаи синфи 4-и мактаби №16-и ноҳияи Ванҷ гардид.

Миёни хонандагон дар номинатсияи эҷоди наср Анӯшервони Нурзода, хонандаи синфи 11-и гимназияи 1-и шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷойи якум гардид.

Ҷойи дуввум дар ин бахш насиби Маҳмуд Шарифзода, хонандаи синфи 11-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар ва Санам Боева, мактаби №7-и ноҳияи Файзобод гардид.

Сумая Бобоева, хонандаи синфи 9-и мактаби №41-и шаҳри Ҳисор ва Насрин Назирзода, хонандаи синфи 11-и мактаби №10-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Дар бахши назм, Фаридун Ёқубов, хонадаи синфи 11-и гимназияи №2-и шаҳри Истаравшан соҳиби ҷойи якум гардид.

Кибриё Солеҳова, хонандаи синфи 10-и мактаби №40 ноҳияи Айнӣ ва Мутриба Муҳаммадсафарзода, хонандаи синфи 11-и мактаби №6-и ноҳияи Файзобод соҳиби ҷойи дуюм шуданд.


Ҷойи сеюм насиби Шоира Абдураҳмонова, хонандаи синфи 11-и мактаби №25-и ноҳияи Сино ва Гулрӯ Бурҳонова, хонандаи синфи 10-и мактаби №1–и ноҳияи Восеъ гардид.

Дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Меҳрангез Зуробекова, хонандаи синфи 4-и гимназияи №2-и ноҳияи Шоҳмансур соҳиби ҷойи якум гардид.

Афзалмоҳ Амонзода, хонандаи синфи 2-и мактаби хусусии “Афсона”-и ноҳияи Зафаробод ва Муҳаммадсолеҳ Азизов, хонандаи синфи 1-и гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд дар ин бахш соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Ҷои сеюм дар ин бахш, насиби Оиша Шамсуддинова, хонандаи синфи 1-и мактаби №139-и шаҳри Ваҳдат ва Дилором Ҷумъаева, хонандаи синфи 4-и мактаби №11-и ноҳияи Шуғнон гардид.

Дар миёни хонандагони синфҳои болоӣ (синфҳои 5-11) аз рӯйи бахши  адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Паричеҳра Ахмедова, хонандаи синфи 8-и мактаби №38-и ноҳияи Деваштич, дар бахши адабиёти классикии тоҷик Сафина Исматшоева, хонандаи синфи 11-и литсейи “Оғохон”-и шаҳри Хоруғ, дар бахши адабиёти муосири тоҷик Беназир Шоева, хонандаи синфи 9-и гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ва дар бахши адабиёти ҷаҳон Шукрона Давлатзода, хонандаи синфи 10-и гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд.

Ҷои дуввум дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори  шифоҳӣ насиби Мадина Каримзода, хонандаи синфи 8-и литсейи №2-и ноҳияи Сино ва Наимзодаи Шабнам, хонандаи синфи 11-и литсейи №2-и ноҳияи Сино гардид.


Фирӯзаи Тоҷиддин, хонандаи синфи 9-и мактаби №52-и ноҳияи Рашт ва Фархунда Шарифова, хонандаи синфи 8-и литсейи инноватсионии ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи сеюм дониста шуданд.

Дар бахши адабиёти классикии тоҷик Субҳия Тоҳирзода, хонандаи синфи 8-и литсейи “Ориёно”-и шаҳри Бохтар ва Сафина Ҳофиззода, хонандаи синфи 8-и мактаби №27-и Мастчоҳ соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Шоҳонаи Ҷовид, хонандаи синфи 10-и литсейи №1-и шаҳри Панҷакент ва Сабрина Зокирова, хонандаи синфи 7-и мактаби №35-и Рӯдакӣ дар ин бахш ҷойи сеюмро касб карданд.

Ҳамчунин, дар бахши адабиёти муосири тоҷик Сабрина Муродова, хонандаи синфи 11-и гимназияи №1-и ноҳияи Сино ва Шаҳбоз Ҳакимов, хонандаи синфи 10-и мактаби №58-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Манижаи Муъминшо, хонандаи синфи 10-и мактаби №6-и шаҳри Истиқлол соҳиби ҷойи дуюм ва Гулбарги Камолиддин, хонандаи синфи 10-и литсейи инноватсионии ноҳияи Фирдавсӣ соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Дар бахши адабиёти ҷаҳон ҷойи дуввум насиби Файзулло Қадамов, хонандаи синфи 11-и мактаби №18-и ноҳияи Кушониён ва Лайло Қӯзибоева, хонандаи синфи 8-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд гардид.


Дар ин бахш, Сарвиноз Асророва, хонандаи синфи 9-и литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Шукрона Қузратуллозода, хонандаи синфи 11-и мактаби №66-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Дар миёни омӯзгорон, донишҷӯён (бакалавр, магистр) ва докторант, ходимони адабӣ илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар бахши эҷоди бахши назм Зебунисо Қосимова, директори мактаби №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Заррина Сӯфиева, омӯзгори  мактаби  №13-и ноҳияи Зафаробод, дар бахши адабиёти муосири тоҷик Гулваши Иброҳим, корманди Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон, дар бахши адабиёти классикии тоҷик Абдулвосит Расулзода, корманди Кумитаи телевизион ва радио ва дар бахши адабиёти ҷаҳон Абдуҷалили Амон, омӯзгори ДДОТ соҳиби ҷойи якум гардиданд.

Гуфта мешавад, ки ба далели пайдо нашудани довталаби муносиб аз миёни ширкаткунандагон дар бахши наср касе соҳиби ҷои аввал нагардид.

Дар ин бахш ҷои дуввум насиби Бӯрӣ Ҳамрозода, сокини ноҳияи Сино ва Муҳаммадалӣ Истамзод, омӯзгори Мактаби муосири байналмилалӣ гардидааст.

Ҷои сеюм дар ин бахш насиби Абдуллоҳиён Муҳаммадӣ, рӯзноманигор, котиби масъули рӯзномаи “Навиди Балҷувон” ва Гулистон Сафаралиева - омӯзгори мактаби  №75-и шаҳри Ҳисор гардидааст.


Ҷои дуввум дар бахши назм насиби Файзулло Дилшодзода, корманди рӯзномаи “Раҳбари  Дониш” ва Сино Қудратов, унвонҷӯи ДМТ гардидааст.

Бибиомина Ҳамроева, донишҷӯи круси 4-и Донишгоҳи славянии  Россия-Тоҷикистон ва Ваҳдат Дайхудоев, омӯзгори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва хизмат дар ин бахш соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Дар бахши адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ Шаҳноза Дониярова, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Махфират Ашӯрова, корманди Кумитаи телевизион ва радио соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Ҷойи сеюм насиби Майдагул Миниқулова, омӯзгори  мактаби №12-и шаҳри Бохтар ва Назира Толибова, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон гардид.

Дар бахши адабиёти муосири тоҷик Субҳон Эшов, корманди “Коммерсбонк” ва Мирзошариф Шарифов, корманди телевизиони “Сафина” соҳиби ҷойи дуюм шуданд.


Ҳамин тариқ, дар ин бахш ҷои сеюм насиби Муаззам Шафиева, омӯзгори литсейи №1-и ноҳияи Спитамен, Асҳобиддин Низомов, корманди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гардид.

Дар бахши адабиёти классикии тоҷик Рухшона Муқумова, омӯзгори гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан ва Сайнеъмон Сайғуфронов, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.

Ҷойи сеюм дар ин бахш насиби Шабнам Болтаева, омӯзгори мактаби№34-и шаҳри Ҳисор  ва  Зубайда Раҳмонова, омӯзгори мактаби№1-и шаҳри Гулистон гардид.


Дар бахши адабиёти ҷаҳон Мирзобобур Ибрагимов, омӯзгори мактаби  №7-и ноҳияи Шаҳристон ва Пулодҷон Ватанов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз соҳиби ҷойи дуюм шуданд.

Ҷои сеюм насиби Шоҳина Сафарова, корманди Академияи идоракунии назди Президенти Тоҷикистон ва Тоҳирхон Асроров, корманди Кумитаи телевизион ва радио гардид.

Вазорати маориф ва илм мегӯяд, ба ғолибони ҷойи аввал 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 20 ҳазору сомонӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон, ба 45 омӯзгори мактабҳо, ки шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, 10 ҳазор сомонӣ супорида шуд.


Бояд гуфт, ки дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 442 довталаб аз тамоми кишвар иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки инак соли чаҳорум аст, ки озмуни озмуни “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” баргузор мегардад. Соли гузашта ба далели пайдо нашудани довталаби муносиб аз миёни ширкаткунандагон шоҳҷоизаи он ба касе тақдим нагардид.

Соли 2020 шоҳҷоиза насиби Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11-уми мактаби №28-и Панҷакент гардида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.