Аз даргузашти Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва раиси пешини Иттифоқи нависандагони кишвар як сол гузашт. Рӯзи вафоташ, 19-уми май, аҳли фарҳанги кишвар аз нависандаи шинохта ёд карданд.

Меҳмон Бахтиро бо қаламкашиаш дар фазои адабиву фарҳангии Тоҷикистон хуб мешиносанд ва дар ҳафзаи форсӣ низ шӯҳратёр аст. Ӯ дар моварои 20 солагиаш ба эҷод даст зада, як силсила шеър, қисса, ҳикоя ва драммаҳо навишт.

Ӯ солҳои зиёд роҳбари Иттифоқи нависандагони кишвар буд, аммо дар дохилу хориҷ аз кишвар Меҳмон Бахтиро бештар чун драмматурги забардаст мешиносанд.

Дар ҳавзаи адабии Осиёи Марказӣ шинохта аст

Меҳмон Бахтӣ аз солҳои 1970 дар драмматургияи тоҷик ворид шуд ва дар ин ҷода аз худ мероси ғанӣ ба ёдгор гузошт.

Ато Ҳамдам, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва драмманависи шинохтаи тоҷик ба ин назар аст, ки Меҳмон Бахтиро на танҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар ҳавзаи адабии Осиёи Марказӣ чун драмманависи муваффақ мешиносанд.

“Песаҳои “Ошёни баланд”, “Лаҳзаи ҷовид” ва “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ...”, ки аз ҳаёту фаъолияти устод Мирзо Турсунзода, рӯзгори аввалин муаллимаҳои кӯҳистони Қаротегин ва ошиқиҳои ду ҷавон дар даврони мактабхонӣ қисса мекунад, хотирмонтарин драммаҳои Меҳмон Бахтӣ ба ҳисоб меравад”, - мегӯяд Ато Ҳамдам.

Ӯ таъкид мекунад, ки песаҳои таърихии “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Нангбардори Хуҷанд” болотарин арсаи эҷоди Меҳмон Бахтӣ буд ва инҳо дар берун аз кишвар ҳам борҳо ба саҳна гузошта шудаанд.

“Песаҳои Меҳмон Бахтӣ борҳо дар саҳнаҳои театри Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Украина ва Русия ҳам ба намоиш гузошта шудаанд. Инчунин, чандин маротиба “Грант-при” (Шоҳҷоиза) ба Тоҷикистон овардаанд. Ин ҳама муваффақияти Меҳмон ва муаррифии драмматургияи тоҷик дар берун аз Тоҷикистон буд”, - мегӯяд Ато Ҳамдам.

Ато Ҳамдам

Драмма ба Меҳмон шӯҳрат овард

Ба пиндори Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон ҳам, драмматургия дар эҷодиёти Меҳмон Бахтӣ мавқеи муҳим дорад.

Ӯ мегӯяд, Меҳмон Бахтӣ дар наср қувва озмуд ва чун қиссаҳои “Хусон” ва “Пирамард” асарҳои хонданӣ офарид, вале асарҳои хурду бузурги драммавиаш, сар аз “Лаҳзаи ҷовид” то “Захми забон”, “Фирдавсӣ” ва “Тилисми Сайҳун” мавқеъ ва шӯҳрати ӯро афзудаанд.

“Асарҳои Меҳмон, ки аз ҷониби коргардонҳои маъруф ба рӯи саҳнаи театрҳои Тоҷикистон ва берун аз он омада буданд, бо ҷаззобии мавзӯъ ва масъалагузорӣ дили бинандагонро тасхир мекарданд”, - мегӯяд Абдулҳамид Самад.

Абдулҳамид Самад

Нигоҳе ба таври нав ва ҷанобинии ҷадид

Иброҳим Усмонов, профессори риштаи филология ва яке аз дӯстони наздики Меҳмон Бахтӣ иброз медорад, ки ӯ асарҳои худро бештар бо нигоҳи ҷадид таҳия мекард.

Усмонов аз мазҳакаи “Роҳзан ва кӯзагар” ёд оварда, таъкид мекунад, ки Меҳмон Бахтӣ дар он қувваи инсонию инсондӯстиро ба молу чизпарастӣ муқобил гузоштааст ва ба қолаби ҳаҷв эҷод кардааст.

“Ҳаҷви Меҳмон Бахтӣ сареҳу сода ва нишонрас аст. Ҳар нуктаву ҳар маънияш ҷои худро дорад. Забони асар сода ва хеле форам аст. Ҳар як персонаж характери хоси худ, забони худро дорад. Бегумон, ин муваффақияти драмматург Меҳмон Бахтӣ аст”, - мегӯяд профессор Усмонов.

Иброҳим Усмонов

“Ба драматургияи тоҷик драмаҳои реалистиро ворид намуд”

Ҷумъа Қуддус, нависанда ва драмматург, ба ин назар аст, ки Меҳмон Бахтӣ ба драматургияи тоҷик драмаҳои реалистиро ворид намуда, дар мисоли “Эй ҷавонон, ҷавонӣ”, “Захми забон” ва “Аҷаб одаме” проблемаҳои иҷтимоию ахлоқиро ба миён гузошт.

Ба гуфтаи ӯ, ин песаҳо дар сатҳи хеле баланди касбӣ навишта ва ба саҳна гузошта шуда, сазовори ҷоизаҳои махсуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, дар Маскав нашр ва ба бисёр забонҳои дигар тарҷума шудаанд.

Ҷумъа Қуддус мегӯяд, ки Меҳмон Бахтӣ давоми солҳои 1960-1980 ба драмманависӣ пардохт ва дар драмматургияи тоҷик мақоми хосси худро соҳиб шуд, вале баъд бо сабабҳои гуногун аз ин ҷода дур шуд.

“Гап сари он аст, ки дар авохири солҳои 80-ум, ки зиндагӣ ба куллӣ тағйир ёфт, таҳаввулоти иҷтимоӣ ва баъдан ҷанги хунини шаҳрвандӣ оғоз ёфт. Бо амри тақдир Меҳмон Бахтӣ аъзои советҳои гуногуни ҷамъиятии муҳофизати сулҳ таъйин шуд ва ин фаъолият аз ӯ вақт ва қувваи зиёд гирифт. Пас аз ин, барои он ки мардум ғами худро фаромӯш кунанд, наздики 20 сол дар бораи он ҳодисаҳои хунин наменавишт”, - мегӯяд Ҷумъа Қуддус.

Ин драмматург меафзояд, ки сабаби ба песаҳои таърихӣ пардохтан ин буд, ки андешаву афкори мардумро дигарбора тира насозад ва мехост бо навиштани песаҳои таърихӣ рӯҳияи мардумро дигарбора бедор созад.

Ӯ таъкид мекунад, ки “хусусияти асосии драматургияи Меҳмон Бахтӣ назари шоирона ба ҳаёт, муносибати нек нисбат ба персонажҳо, ҳамзамонон, шахсиятҳои таърихӣ буду боқӣ хоҳад монд”.

Ҷумъа Қуддус

Нигоҳе ба корномаи Меҳмон Бахтӣ

Бояд гуфт, ки Меҳмон Бахтӣ солҳои 1973-1977 мудири бахши адабии Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ҳам бар зимма дошт. Намоишномаҳои якпардагии ӯ “Шаҳидони роҳи озодӣ” ва “Бародарон” аз тариқи телевизион борҳо намоиш дода шудаанд. Муаллифи филмномаҳои мустанади “Корвони дӯстӣ” ва “Нуқра Раҳматова месарояд” мебошад.

Меҳмон Бахтӣ пас аз истиқлол намоишномаҳои таърихии “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Тилисми Сайҳун”-ро эҷод кард. “Фирдавсӣ” ва “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” дар фестивал-озмунҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ сазовори Шоҳҷоиза гардидаанд.

“Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ба ифтихори ҷашни 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ саҳнагузорӣ шуда, “Нангбардори Хуҷанд” дар барномаи театри номбурда мақоми шоистаеро соҳиб гардидааст.

Соли 1997 нашрияи “Сурӯш” (Теҳрон) намоишномаи “Фирдавсӣ”-ро ба хатти форсӣ ба табъ расонда, соли 2001 “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”-ро нашриёти адабии Димишқ (Сурия) ба забони арабӣ аз чоп баровардааст.

Аз чап ба рост: Камол Насруллоҳ, Ҷӯрабек Муродов, Меҳмон Бахтӣ

Ба иловаи ин, асарҳои “Сабзпарии Душанбе”, “Доғе аз зоғе”, “Зуҳра – сайёраи ишқ”, “Тангкӯча” дар театрҳои касбӣ ва халқии вилоятӣ ба саҳна гузошта шудаанд.

Меҳмон Бахтӣ асосгузори барномаҳои машҳури телевизионии “Чойхонаи дилкушо”, “Ҳодӣ ва Шодӣ”, “Дар олами адаб”, “Беғараз панд”, “Майдон аз далер аст” ва ғайра ҳам дониста мешавад.

Зиндаёд Меҳмон Бахтӣ соли 1986 Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1988 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли 1994 унвони ифтихории Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва соли 2014 медали адабии байналмилалии ба номи М.Достоевскийро гирифтааст.

Бо ордени “Шараф” ва “Исмоили Сомонӣ” мукофотонида шудааст.

Меҳмон Бахтӣ ва аҳли зиё якҷо бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ёдовар мешавем, ки Меҳмон Бахтӣ дар охири умраш ду давра дар солҳои 2004 ва 2009 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ интихоб шуда буд.

Меҳмон Бахтӣ 25-уми марти соли 1941 дар ноҳияи Ғарм чашм ба олам кушода, 19-уми майи соли 2022 дар синни 81-солагӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт. Ӯро дар оромгоҳи Лучоби Душанбе ба хок супориданд.

Ёдаш ба хайр!