Баъди санҷиши тобоварии биноҳои баландошёна ба заминларза, ки дар пасманзари заминларзаи шадид дар Туркия рӯи даст гирифта шуд, дар Душанбе озмоишгоҳи санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот ба истифода дода шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бора фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июни соли 2023 ба имзо расидааст.

Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ Усмоналӣ Усмонзода, муовини сарвазири кишвар, Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва намояндагони дигар идораву сохторҳои сохтмонию меъморӣ иштирок намуданд.

Ҷараёни муаррифии озмоишгоҳи ифтитоҳгардида
Акс аз АМИТ "Ховар"

Манбаъ навиштааст, ки озмоишгоҳ бо мақсади “таъмини зилзилатобоварии бинову иншоот барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд”.

“Бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда таъсис дода шудааст”, - омадааст дар хабари АМИТ “Ховар”.

Ба навиштаи манбаъ, санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ амалӣ карда мешавад ва мақсади асосии санҷиш муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад.

“Санҷиши мехсутунҳои оҳанубетонӣ бо ёрии таҷҳизоти махсуси муосир, яъне болорҳои филизӣ, домкратҳо, насоси гидравликӣ, фишорсанҷ (манометр), таҷҳизоти муайян намудани деформатсия (прогибомер) ва ғайра амалӣ мегардад”, - омадааст дар хабар.

Акс аз АМИТ "Ховар"

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъбасти озмоиши мехсутунҳо хулосаи санҷишӣ бо дарҷи расмҳо, раванди озмоиш, муҳлати гузаронидани санҷиш ва дигар ҷараёнҳои вобаста ба устувории мехсутунҳо тартиб дода шуда, як нусхаи он ба фармоишгар дастрас мегардад ва нусхаи дигари он дар бойгонии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумита то панҷ сол нигоҳ дошта мешавад.

Санҷиши мехсутунҳои бинову иншоотҳо дар ҳолест, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар пайи заминларзаи шадиди моҳи феврали соли ҷорӣ дар Туркия санҷиши тобоварии биноҳои баландоёшнаро дар Душанбеву Бохтар ва Хуҷанд роҳандозӣ карда буд. Вале аз натиҷаи он, ки чанд бино санҷида шуд, хабар дода намешавад.

Ҳамчунин, Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, “биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд”.

Ӯ рӯзи 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз зилзилаи 6,6 бала дар Душанбе, ки чанд сол пеш рух дод, мисол овард ва афзуд, дар натиҷаи он биноҳои баландошёнаи Душанбе таъсири ҷиддӣ надиданд.

Вай афзуд, аксари биноҳои Душанбе “каркасний” сохта шудааст, яъне қисмати “конструктиви”-и бино аз оҳану бетон ва қисмати поёнӣ аз мехсутунҳо (сваяҳо) иборат аст, ки ин имкон медиҳад биноҳо дар зилзилаҳои сахт тобовар бошанд.

Номбурда гуфта буд, ки дар назди Раёсати экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озмоишгоҳи санҷиши мехсутунҳоро таъсис  диҳанд.

“Вазифаи аввалиндараҷаи онҳо санҷиши мехсутунҳои лоиҳаҳо аст. Танҳо баъди тобовар будан ба зилзилаҳову иҷозаи сохтмон дода мешавад”,- гуфт роҳбари кумита.

Мутахассисони соҳа ва аксари сокинони Душанбе бошад, аз он шикоят доранд, ки биноҳои баландошёна ба ҳам наздик ва бе риояи қоидаҳои сохтмон бунёд карда мешавад ва ин хатарнок аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.